13,89 миллион доллар арзиши «Арӯси тоҷик»
Расми «Арӯси тоҷик» ё «Арӯси помирӣ», ки соли 1983 тасвир шудааст, шоҳасари эътирофшудаи ҷаҳонист, ки шохаи нав дар эҷодиёти рассоми маъруфи чинӣ Тсзин Шан ба ҳисоб меравад. Маҳз ин расм моҳи ноябри соли 2013 дар музоядаи China Guardian гузошта шуда ва чанд маротиба гаронтар аз арзиши тахминияш ба 13,89 миллион доллар (бо назардошти комиссия) фурӯхта шуда буд.
Рассоми маъруф дар баробари «Арӯси тоҷик» чанд расми дигарро дар тасвири симои духтарони эронии шарқӣ бо либосҳои миллӣ ва кӯлоҳ (рӯймол, сарпӯш) бо нақшҳои хоси мардуми Эрони Шарқӣ кашидааст, ки ин нақшҳо дар либосу кӯлоҳи мардуми ноҳияи Ишкошим, махсусан дар водии Вахон, дар ҳавзаи мухтори чинии тоҷикон ва як қатор ноҳияҳои Покистону Афғонистон бештар маъмуланд.
Дар эҷодиёти Тсзин Шан ҳам таъсири «услуби сахт»-и шӯравӣ ва ҳам мактаби рассомии Аврупо эҳсос карда мешавад. Рассом ба омӯхтани мероси давраи Эҳё ва классикӣ бисьёр вақт сарф карда, айни ҳол дар асарҳои худ нигоҳ доштани руҳияи чиниро зарур медонист.
Тсзин Шан, ки синнаш аз 80 гузаштааст, ба намояндагони барҷастаи насли якуми рассомони Чин тааллуқ дорад. Андешаи ин гурӯҳи рассомон ба андозаи зиёд зери таъсири наздиктарин иттифоқчии Чин — Иттиҳоди шӯравӣ ташаккул ёфтааст.
А. ИЛҲОМ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ