Барқи нақбҳоро кӣ «кушта»?

Рӯзҳои 28-31-уми май ба вилояти Суғд сафари корӣ доштам. Вақте аз нақбҳо мегузаштем, онҳо ба қавли мардум «гӯр барин» торик буданд. Фикр кардам, ки шояд як нақб (туннел) чунин асту ин ҳам бо ягон сабаб муваққатӣ аст. Аммо ронандаи таксӣ гуфт, ки не, инак аз 2 моҳ бештар аст, ки нақбҳо барқ надоранд.

Аз шуниди ин ронандагон: «Туннелҳо аз барқ қарздор будаанд».

Дар тамоми ҷаҳон нақбҳо шаборӯзӣ тамоми сол чароғон ва равшананд.

Ман бори аввал ба чунин аҳвол вохӯрдам, вале ҳамсафаронам ҳам гуфтанд, ки дар ҳеҷ ҷойи дунё ин ҳолро надидаанд.

Зеро торикии нақбҳои дуру дароз ё 5 км роҳ хеле хатарнок аст.

Масалан имрӯз мошине дар нақб рӯ ба рӯйи мо меомад, шояд ронандаи бетаҷриба буд. Ронандаи мо ба василаи сигналҳои чароғӣ ӯро ҳушдор дод, то аз роҳи мо берун шавад. Хайрият, ки ронандаи таксии мо марди ботамкине асту оҳиста мошин меронад, набошад, бархӯрд бо он мошин дар нақб як сония кор ва фалокатбор аст.

Суоли матраҳ ин аст, ки ин мушкил бо айби кист? Ё бо кадом сабаб метавонад бошад?

Ҳар чӣ ва ҳар кӣ ҳам набошад, масъалаи ҳаёти одамон аст, ки тибқи Конститутсия ҳаёти инсон зери ҳимояти Давлат аст.

Ё не?

Ҳуриннисо АЛИЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *