Манъи сихкабобу обҳои ташнагишикан дар Суғд

Дар ҳудуди вилояти Суғд фурӯши чанд навъи маҳсулот манъ карда шуд. Аз ҷумла тоҷирони суғдӣ ҳақ надоранд, ки сихкабоби қиммагӣ, кулчақандҳои кремдор, консерваҳои хонагӣ ва нӯшобаҳои худсохтро ба фурӯш бароранд.

Ин қарорро сардухтури давлатии санитарии вилояти Суғд Таҳмина Усмонова содир кардааст.

Дар қарори мазкур омадааст, ки “аз 17-уми май то 1-уми сентябри соли 2023 фурӯши маҳсулоти зуднобудшаванда, ба монанди сихкабоби қиммагӣ, маҳсулоти қаннодии кремдор, обҳои ташнагишикани худсохт ва консерваҳои хонагӣ” манъ карда шавад.

Аз идораи давлатии санитарии вилояти Суғд ба pressa.tj ин қарорро чунин шарҳ доданд: “Дар фасли гармо талаботи аҳолӣ ба истеъмоли нӯшокиҳои ташнагишикан, яхмоси мулоим, сихкабоби қиммагӣ, маҳсулоти қаннодии кремдор, хӯришҳои худсохти хонагӣ, консерваҳои хонагӣ, каллаю почаи яхкардашуда, оби ҷав ва дигар маҳсулоти хӯрока зиёд мешавад. Аз ин лиҳоз, фурӯши маҳсулоти зикргардида, ки сертификати гигиенӣ ва хулосаи санитарию эпидемиологӣ надоранд, то тирамоҳ манъ карда шуд”.

Ҳамасола дар фасли тобистон аз истеъмоли маҳсулоти вайроншуда ва муҳлаташон гузашта даҳҳо нафар дар ҳудуди кишвар заҳролуд мешаванд.

Ф. БОБОЕВА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *