Марги Роҳбар дар пахтазор (тафсилот)

Раҳбар Собирова фарроши мактаби рақами 27-и ҷамоати Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки ба пахтачинӣ сафарбар шуда буд, дар бошишгощи саҳроӣ ҷон супорид. Ӯ ҳамроҳи кормандони ин муассисаи таълимӣ барои 10 рӯз ба заминҳои пахтазори хоҷагии ба номи Қушшато сафарбар шуданд, вале дар бегоҳи рӯзи 8 -ум дар бошишгоҳи саҳроӣ аз олам даргузашт.

Абдулаким Ахмедов, директори МТМУ № 27 и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Собирова зоҳиран солим буд ва аз саломатии худ шикоят намекард, аммо бегоҳии рӯзи ҷумъа вақти расидан ба бошишгоҳи саҳроӣ, ки барои ҷойи хоби кормандони мактаб омода шуда буд, ногаҳон қалбаш аз кор бозмонда, ҷон ба Ҳақ таслим намудааст.

«Собирова солим буданд ва яке аз ҳашарчиёни пешқадам буданд. Ҳамон рӯз 70 – кило пахта чида, ҳамроҳ бо ҳамкорон то бошишгоҳи саҳроӣ расидаанд, вале соатҳои наздик ба 19 -и бегоҳ бандагӣ кардаанд”, — гуфт директори мактаб.

Раҳбар Собирова 25 сентябри соли ҷорӣ 53 — сола шуда буд ва наздик ба панҷ соли охир дар МТМУ № 27 минҳайси фаррош кор мекард.

Ҷанозаи ӯ, 2 октябр дар қабристони ҷамоати Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки хешу пайвандон ва ҳамкоронаш ба хок супурда шудааст.

Қаблан низ як хонандаи синфи 9 -и МТМУ № 2 ноҳияи Зафаробод дар заминҳои пахтазор зери чархи трактор монда ба ҳалокат расида буд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар шарҳи марги Меҳрона гуфтанд, ки ин хонандаи мактаб аз беэҳтиётӣ зери чархи трактор ба ҳалокат расидааст.

Маълум нест,ки марги Раҳбар аз беморие,ки қаблан дошт фаро расидааст ва  ё меҳнати аз бардошташ зиёд ӯро ба марг мувоҷеҳ кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *