Паёмбарро карикатура карда буд, 13 сол ҳимоя карданду охир кушта шуд

Тавре агенти Франс Пресс хабар додааст, Ларс Вилкс, рассом ва муаллифи карикатураҳои паёмбари Ислом ҳазрати  Муҳаммад (с.а.в.), дар як садамаи нақлиётӣ дар Шветсия ба ҳалокат расидааст

Ларс Вилкс, рассом ва муаллифи карикатураҳои Паёмбар Муҳаммад, дар як садамаи нақлиётӣ дар ҷануби Шветсия дар якҷоягӣ бо ду афсари полис, ки ӯро муҳофизат мекарданд, ҷон додааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳодиса нимарӯзи якшанбе дар роҳи E4 дар наздикии шаҳри Маркарид рух дод. Мошине, ки рассом дар он сафар мекард, бо мошини боркаш бархӯрд, ки дар натиҷа ҳарду мошин оташ гирифт.

Сухангӯи полиси маҳаллӣ ин фарзияи сохта будани садамо рад карда гуфтааст, ки он ба таври табиӣ рух додааст.

«Агар ингуна буд, таҳқиқот ба самти дигар пеш мерафт. Аз инҷо ки ду пулис низ дар ин ҳодиса нақш доштанд, таҳқиқот ба бахши хоси додситон супурда шуд», — гуфтааст манбаъ.

Дар навбати худ, сардори полиси минтақа Карина Перссон ин садамаро, ки дар пайи он ду пулис ва рассом фавтиданд, «даҳшатнок» номид.

Матбуоти Шветсия пас аз нашри карикатураи Паёмбар Муҳаммад дар охири тобистони 2007 аз ҷониби яке аз рӯзномаҳои шведӣ Нерикес Аллеханда ба навиштан дар бораи Ларс Вилкс шурӯъ кард.

Пас аз ин нашр таҳдидҳо ба Ларс Вилкс шуд ва ӯ то кунун тайи беш аз 13 сол таҳти муҳофизати полис буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *