14-15-уми июн ҳаракати воситаҳои нақлиёт манъ мешавад

Аз сокинону меҳмонон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки аз хизматрасонии автобусу троллейбусҳо истифода баранд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  ба таваҷҷуҳи ронандагони воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ва сокинону меҳмонони пойтахт мерасонад, ки вобаста ба баргузории Саммити 5-уми Машварати ҳамкорӣ  ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО), ки рӯзҳои 14-15 июни соли 2019 дар шаҳри Душанбе доир мегардад, ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёт, ба ғайр аз автобусу троллейбусҳо дар кӯчаҳои А. Дониш, С. Айнӣ,  А. Рӯдакӣ,  И. Сомонӣ,  Н. Ганҷавӣ дар соатҳои баргузории чорабиниҳо маҳдуд карда мешавад.

Дар ин робита, аз сокинону меҳмонон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки аз хизматрасонии автобусу троллейбусҳо истифода баранд.

Ронандагони воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, метавонанд, аз кӯчаҳои ҳамшафат истифода баранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *