Ронандаи фирорӣ боздошт шуд

Кормандони милитсия Холназаров Фирӯзҷонро, ки дар ҳолати фирор қарор дошт дар як мудати кӯтоҳ дастгир намуданд.

Кормандони милитсия дар муддати кӯтоҳ ронандае, ки дар шаҳри Бохтар як ҷавондухтарро пахш намуда, сипас аз ҷои ҳодиса фирор кардаст, боздошт намуданд. Фирӯзҷон Холназаров бо мошини бародараш бидуни ваколатномаи идораи воситаи нақлиёт дар шаҳри Бохтар як ҷавондухтарро пахш намуда аз ҷои ҳодиса фирор карда буд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.

Тавре ВКД иттилоъ медиҳад, рӯзи 1-уми июни соли равон, тахминан соати 17:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота Карола”, Холназаров Фирӯзҷон, соли таваллудаш 1998, сокини ноҳияи Кушониён, ки бидуни ваколатнома дар бораи ҳуқуқи идора намудани воситаи нақлиёт, мошини мазкурро идора мекард ва худрав ба бародараш Холназаров Фарҳод тааллуқ дорад, қоидаҳои ҳаракати роҳро дағалона вайрон намудаааст.

“Номбурда, ҳангоми ҳаракат аз самти маркази шаҳри Бохтар ба самти терминали мусофиркашонии “Сафар-К”-и шаҳри мазкур, дар кӯчаи Ваҳдат бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагард Абдураҳмонова Мунавар, соли таваллудаш 1998, сокини шаҳри Бохтарро пахш намудааст. Дар натиҷа, пиёдагард Абдураҳмонова М. ба саломатияш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонии дараҷаи вазнин бардошта, дар ҷои ҳодиса афтода беҳуш мешавад”,- омадааст дар иттилоияи манбаъ.

Вазорати корҳои дохилӣ зикр намудааст, ки Холназаров Ф. дидаву дониста пиёдагард Абдураҳмонова Мунаварро дар вазъияти барои ҳаёт ва саломатиаш хавфнок гузошта, ёрӣ нарасонида, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст. Кормандони милитсия Холназаров Фирӯзҷонро, ки дар ҳолати фирор қарор дошт дар як мудати кӯтоҳ дастгир намуданд.

Оид ба ҳодисаи мазкур дар ШВКД шаҳри Бохтар нисбати Холназаров Фирӯзҷон бо моддаҳои 127 ва 212 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *