140 ҳазор китоби ИМА барои  синфҳои ибтидоӣ

Китобхонаҳои бештар аз 1000 муассисаи таълимии давлатии таълимашон бо забони тоҷикӣ ва русӣ дар саросари Тоҷикистон бо китобҳои бадеӣ барои хонандагони хурдсол боз ғанӣ хоҳанд гардид.

Ҳукумати ИМА тавассути барномаи оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ ( USAID) оид ба саводомузӣ дар синфҳои ибтидоӣ тасмим дорад барои хонандагони синфҳои аз як то чор зиёда аз 140 ҳазор китобро тақдим намояд. Ба наздикӣ бештар аз 7200 китоб ба кӯдаконе, ки дар истироҳатгоҳҳои тобистонаи кишвар дар озмуни “Хонандаи беҳтарин” иштирок намудаанд, супорида шуданд.
12 октябри соли 2018 дар мактаби таълимоти умумии рақами 1-и шаҳри Ҳисор маросими ифтитоҳи марҳилаи дуюми тақдими китобҳо баргузор гардид, ки дар он Кордори Сафорати ИМА Кевин Коверт, муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Фатҳиддин Усмонзода, намояндагони барномаи USAID,мақомоти маҳаллӣ,намояндагони расмии соҳаи маориф, омӯзгорон ва хонандагон ширкат варзиданд.
Кордори Сафорати ИМА Кевин Коверт ҳангоми суханронӣ қайд намуд,ки Лоиҳаи USAID “Ҳамроҳ бихонем” яке аз лоиҳаҳои зиёди кӯмакиест, ки мардуми Амрико тавассути USAID амалӣ намудааст. USAID дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тақвияти малакаҳои хониши хонандагон дар мактаб ва барои ҳавасмандии волидайн ба хониши китоб ҳамроҳи фарзандон саҳми арзанда мегузорад. USAID дастгирии худро дар таҳия ва эҷоди маводҳои нави хониш барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ,барои зиёд намудани дастрасии омӯзгорон,хонандагон,муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеа ба китобҳои ба синну сол мувофиқ ва бо мақсади бунёди заминаи мустаҳкам барои омӯзиши ояндаи хонандагони синфҳои ибтидоӣ,инчунин густариши фарҳанги китобхонӣ дар Тоҷикистон идома хоҳад дод.
Муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Фатҳиддин Усмонзода дар баромадаш иброз дошт, ки USAID ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни интихоб,таҳия ва дастрасии китобҳо бо ҳам ҳамкории наздик доранд.Ҳамаи китобҳои тақдимгардида аз ҷониби вазорат тасдиқ шудаанд. Дар давоми моҳи ҷорӣ ба муассисаҳои таълимии зерҳадаф бастаи иборат аз 40 номгӯй китобҳои гуногун ба забонҳои тоҷикиву русӣ супорида хоҳанд шуд.
Дар ин чорабинӣ хонандагони мактаби мазкур дар назди ҳозирин аз эҷодиёти шоирони тоҷик дар бораи китоб ва аҳамияти он шеърҳо қироат намуданд ва саҳначаи ҷолиберо намоиш доданд.
Дар хотима ба сардори шуъбаи маорифи шаҳри Ҳисор Баротов Б.,директори мактаб-интернати махсуси н.Ҳисор Шарофова Б. ва директори мактаби таълимоти умумии рақами 1-и шаҳр Хоҷимуродова З. бастаи китобҳо тақдим карда шуданд.

М.Дустматова

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *