Прапоршикҳо шаҳодатномаи хатм гирифтанд

Дар Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти тантанавӣ ба беш аз 60 нафар хамткардагони курсҳои махсус шаҳодатномаи прапоршикӣ супорида шуд.

Фармондеҳи  Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ   хатмкардагони курсро барои гирифтани рутбаи прапоршикӣ табрик кард.

Инчунин, барои хизматҳои назаррас ва сари вақт иҷро намудани фармонҳои раиси КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ ба се нафар марзбон ифтихорномаи фахрӣ супорида  шуд.

Прапоршикҳои навқадам ҳамчун мутахассисони хурди соҳаи сарҳадӣ барои давом додани хизмати ҳарбӣ ба тамоми ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ сафарбар карда мешаванд.

Маркази таълимии «Пойтахт» пойгоҳи асосии таълимию бозомӯзии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, то имрӯз дар он шумораи зиёди сарбозони навдаъват, мутахассисони ҳарбии махсус, аз қабили минаҷӯён, алоқачиён, кинологҳо, ронандаҳо, нишонзанҳо ва тирандозон ба бозомӯзию таълим фаро гирифта шудаанд ва барои идома додани хизмат ба қисмҳои ҳарбии сарҳадӣ сафарбар гардидаанд.

 

Маркази матбуоти  Қӯшунҳои сарҳадии

КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *