140 млн доллар даромади ТАЛКО
— Дар соли 2022 истеҳсоли алюминийи аввалия дар Тоҷикистон 62 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки 2,5% зиёдтар нисбат ба нишондиҳандаи соли 2021 аст,- хабар дод Завқӣ Завқизода — вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон.
Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта ҷумҳурӣ 51 ҳазор тонна алюминийи аввалияро ба маблағи 140 млн доллар ба хориҷи кишвар содир кардааст.
Вазир зикр кард, ки аз лиҳози нарх содироти алюминийи аввалия дар соли гузашта ба андозаи 3,6% зиёд шуд.
Завқизода таъкид дошт, ки соли 2022 дар ҳаҷми 80 ҳазор тонна истеҳсоли алюминийи аввалия ва 50 ҳазор тонна содироти он пешбинӣ гардида буд.
Ӯ илова намуд, ки соли ҷорӣ истеҳсоли ҳудуди 100 ҳазор тонна алюминийи аввалия дар назар аст. Қобили зикр аст, ки ба истеҳсоли ин навъи фулузот (металл) дар Тоҷикистон ҶСК “Ширкати алюминийи тоҷик” (ТАЛКО) — яке аз бузургтарин корхонаҳои ин соҳа дар паҳнои ИДМ ва ягона тавлидгари алюминий дар Осиёи Марказӣ машғул аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ