сафири Амрико

Савганди сафири нави Амрико дар Тоҷикистон

Маросими савгандёдкунии сафири нави Амрико дар Тоҷикистон Мануэл П. Микаллер баргузор шуд. Ин маросим дар Департаменти давлатии ИМА 14-уми феврал сурат гирифтааст.

Дар саҳифаи намояндагии дипломатӣ дар “Фейсбук” зикр мегардад, ки “ӯ бо таҷрибаи сисолаи фаъолияти дипломатӣ ва ба ҳайси мутахассиси масоили Осиёи Марказӣ, малакаи раҳбарӣ ва тахассуси лозимаро дорад, то барои таҳкими равобити ИМА ва Тоҷикистон саҳми муассир гузорад”.

Мануэл П. Микаллер дар мансаби сафири ИМА дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершаймро иваз намуд, ки аввали соли 2019 ба ин мансаб таъин шуда буд.

То таъинот ба ин вазифа Поммершайм ба ҳайси муовини роҳбари намояндагии дипломатии ИМА дар Остона (солҳои 2015-2018) фаъолият дошт.

Мануэл П. Микаллер қаблан дар сафоратҳои ИМА дар Непал, Муғулистон, Марокаш ва Тоҷикистон ифои вазифа намуда, дар Департаменти давлатӣ вазифаи баландро бар зимма доштааст. Мануэл П. Микаллер ҳанӯз 22-юми июни соли 2022 бо фармони Президенти Амрико Ҷо Байден сафири Амрико дар Тоҷикистон таъин шуда буд. Дар назар аст, ки Мануэл П. Микаллер рӯзҳои наздик барои идомаи фаъолияти дипломатиаш озими шаҳри Душанбе гардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *