140 сол дар саҳна. Лавҳае ба лавҳи гӯри Ислом Саломов

Санаи 11 майи соли равон қалби Арбоби ҳунари Тоҷикистон, яке аз пояҳои устувори театри касбии тоҷик, ҳунарманд ва режиссёри варзида Ислом Саломов дар сини 79 — солагӣ аз тапидан бозмонд. Маросими видоъ бо Ислом Саломов дар бинои Театри Хоҷа Камол, ки зиёда аз 50 соли умри ҳунарманд дар он ҷо сипарӣ шудааст, доир гардид…

140 сол дар театри Камол

Вақте хабари марги Ислом Саломовро шунидам, беихтиёр дидори охиринам бо эшон ёдам омад.
Рӯзи салқини баҳорӣ аз боғи Хоҷа Камол берун шуда, ба саҳни Театри мазҳакавӣ мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ баромадам. Роҳрави боғчаи паҳлуйи театрро қадам мезадам ва чашмам ба Ислом Саломов афтод, ки ғарқи хаёлот дар хараке нишаста буд. Наздаш рафта, салом додам. Маро шинохта, аз ҷой бархесту ҳамдигарро оғӯш карда, вохӯрдӣ кардем… Суҳбатамон тӯлонӣ буд… Аз вазъи театр, устодони санъат, актёрони машҳур ва режиссёрони забардасту сатҳи намоишномаҳо…
-Чандин спектакли тайёри нағзро аз репертуар гирифтанд, — оҳи чуқур кашида гуфт, эшон, — ҳозир спектакли нағз кам. Актёрҳо бекор. Тасаввур кунед, Зулфия Тӯйчиева барин актриса 7-8 сол боз саҳна набаромадааст, Сайрам Исоева, Неъматҷон Дӯстматов… Спектакли калон ки нест, нақш ҳам нест…
— Шумо ё Сайрам Исоева чаро солҳои охир ягон асарро ба саҳна намегузоред? – суол кардам аз эшон.
-Ман пир шудам. Сайрам мемонад, аммо мо дар синну соле ҳастем, ки бояд театр аз мо хоҳиш кунад, амр диҳад, ки «Ислом Саломов, гиру фало асарро мон!»… Ин хел нест, касе худаш ташаббус кунаду спектакл таҳия намояд… Умри мо дар ҳамин даргоҳ сипарӣ шуд, 140 сол аст, ки мо дар саҳна…
-Чӣ хел? – дар ҳайрат пурсидам.
— Зиёда аз 55 сол ман, 55 сол ҳамсарам Сайрам ва 30 сол духтарам Саодат дар рӯйи саҳнаем…

Шогирди мактаби Вахтангов

Ислом Саломов зодаи Кӯҳистони Масчоҳ аст. 10 июни соли 1939 дар дењаи Камодон таваллуд шуда, фаъолияти ҳунарии ӯ баъди хатми факултети актёрии Донишкадаи театрию бадеии шаҳри Тошканд ба номи А. Островский аз соли 1964 дар саҳнаи Театри мазҳакавӣ мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ (собиқ Театри ба номи Пушкини шаҳри Ленинобод) ҳамчун актёр оғоз ёфт. И. Саломов дар чанд спектакл, аз ҷумла дар «Ќиссаи Зайнаббибї», «Тартюф», «Отелло», «Достони Њофиз», «Љанги тан ба тан», «Соњибаи мењмонхона» нақш офарид, аммо баъдан дар режиссура тавфиқ ёфт.
Дар он шабу рӯз, театри Пушкини Ленинобод аз режиссёри касбӣ танқисӣ мекашид. Бинобар ин, Ислом Саломов ба Маскав барои таҳсил дар курси режиссура фиристода шуд ва аз мактаби Театри Вахтангови шаҳри Москва, бахусус, аз режиссёри маъруфи он Артисти халқии РСФСР Е. Р. Симонов гузашта ба Хуҷанд баргашт.
Он замон дар театри мазкур Ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон О. Назаров, М. Иброҳимова, О. Усмонова, Р. Баккал ва дигарон, ки услуб ва равиши хоси худро доштанд, фаъолият мекарданд. И. Саломов дар партави ҳунари ин устодон сабзид ва роҳи худро пайдо кард.
Нахустин спектакле, ки ҳамчун режиссёр Саломов ба саҳна гузошт, «Лӯлидухтар Аза» (драмаи М. Старикий) буд, ки роҳи ӯро ба санъат боз кард.
Пас аз ин, ӯ бо адибони забардасти тоҷик ҳамкории эҷодӣ ба роҳ монда, спектаклҳои маъруфи «Бедорӣ»-и (Р. Ҷалил), «Абадзиндаҳо» (С. Сафар), «Дохунда» (Ҷ. Икромӣ) «Модар нигарон буд»( Ф. Ансорӣ), «Гавҳари шабчароғ» (С. Улуғзода), «Сарнавишти ишқ»( А. Сидқӣ), «Кӯчабоғи ошиқон» (А. Шукӯҳӣ), «Ҳалокати одат» (М. Назаров) ва даҳҳои дигарро ба саҳна гузошт.
Пас аз пайдо кардани таҷриба ба драматургияи ҷаҳонӣ рӯй оварда, спектаклҳои «Ашрофпараст»-и Ж. Б. Молйер, «Трибунал»-и А. Макаёнок, «Хушдоман»-и М.Шамхалов, «Равшан ва Зулхумор»-и К. Яшин, «Фоҷиаҳои хурд»- и А. С. Пушкин ва чанди дигарро ба саҳна гузошт.
Номбурда, аз соли 1970 то соли 2003 дар вазифаи саррежиссёри театри Камоли Хуҷандӣ фаъолият карда, зиёда аз 50 спектаклро ба саҳна гузошт. Шукӯҳу шаҳомати театри Хоҷа Камоли Хуҷанд дар ним соли охир ба номи ин ҳунарманди асил иртиботи қавӣ дорад.

Аввалин театри тамошобини ҷавон

Дигар, хизмати хайр ва кори муҳими Ислом Саломов барои санъати тоҷик ташкил намудани театри “Тамошобини наврас” аст, ки соли 2004 мақоми Театри давлатии мусиқии тамошобини ҷавон ба номи Одилҷон Назаровро гирифт, мебошад.
Ислом Саломов дар ҳамкорӣ бо Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Сафрон Ёдгорова бори аввал дар таърихи Тоҷикистон театри махсусгардонидашуда барои наврасон ва ҷавононро бунёд намуданд, ки ин ҳодисаи фараҳбахш ва ташаббуси самарабахш буд. Аввалин намоишномаҳои ин театр «Ҷанги нафс орад хатар»-и А. Қодирӣ, «Сафедор»-и Озарахш, «Тобистони 43»-и У. Хол бо саъю талоши ин коргардони мумтоз рӯйи саҳна омад ва зуд ба қалби тамошобин роҳ ёфт. Ин театр бо намоишномаҳои таҳиякардаи Ислом Саломов дар Фестивали ҷумҳуриявии театрҳои касбии «Парасту» намоиш дода шуданд ва мавриди истиқболи гарми дӯстдорони ҳунар қарор гирифтанд. Айни замон ин театр яке аз театрҳои хуби кишвари мост ва даҳҳо ҳунарпешаву режиссёри ҷавонро парвардааст, ки дар саҳна фаъолият доранд…

Ҳунарманд намирад ҳаргиз…

Мутаассифона, чархи каҷрафтор дар хазони умр ба Ислом Саломов меҳрубон набуд… Духтараш, ҳунарпеша Саодат Саломова дар айни авҷи камолоти эҷодӣ бо иштибоҳи духтурон ҷон доду падару модарро ҷигархун кард. Қалби нозуки Ислом Саломов ин андӯҳро дер бардошта натавонист, пас аз як соли фавти Саодат, ӯ ҳам ба умри абад пайваст…
Аммо ба гуфти масали машҳур: «Ҳунарманд намирад ҳаргиз…»… Ислом Саломов ҳам дар хотираҳо ҳамеша боқӣ хоҳад монд, чун инсони шариф ва чун ҳунарманди асил…

О. НОЗИР

«Тоҷикистон», №20, 2018

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *