«Истиқлол» аз идомаи Ҷоми КФО-2018 маҳрум шуд

Чемпиони Тоҷикистон «Истиклол»- Душанбе бозии охиринашро дар марҳилаи байниминтақавии Ҷоми КФО-2018 дар майдони худ ба дастаи «Алтин Асир»-и Туркманистон боҳисоби 2:3 бой дода, аз роҳхат маҳрум гардид.
Вохӯрии мазкур бегоҳии 16 май дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо ҳузури 5000 мухлис баргузор шуд. Дар ин марҳила ба футболбозони тоҷик натиҷаи мусовӣ низ басанда буд. Аммо ду тӯби дар қисми аввали вохӯрӣ сардода вазъияти онҳоро душвор гардонда бошад ҳам, тавонистанд то анҷоли вақти асосӣ ҳисобро мусовӣ – 2:2 гардонанд. Вале меҳмонон дардақикаи охирини вақти иловагӣ тавонистанд бозиро ба пирӯзи худ анҷом диҳанд ва ба марҳилаи баъдии Ҷоми КФО-2018 роҳхат бигиранд.
Ҷоми КФО-2018
Минтақаи Марказӣ, гурӯҳи «D», даври 6-ум
«ИСТИқЛОЛ» – «Алтин Асир» – 2:3
Голҳоро Фурқат Турсунов, 1 (0:1). Зафар Бобоҷонов, 45+4 (0:2). Николай Зенко, 83 (1:2). Ахтам Назаров, 90+1 –зарбаи ҷаримавии 11-метра (2:2). Михаил Титов, 90+6 (2:3).

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *