Русия нафақа барои тоҷикистониёнро муайян кард

Пас аз солҳои нишасту бархост ва радду бадал, Тоҷикистону Русия ба созиш расидаанд, ки ба муҳоҷирони корӣ нафақа медиҳанд. Вале ҳамзамон шарт гузоштаанд, ки муҳоҷирон дар Русия ба таври расмӣ кор карда, андоз ё молиёти иҷтимоӣ месупоранд. Коршиносон имзои санадро муҳим медонанд, вале нигаронанд, ки бахши зиёди муҳоҷирон ба далели фаъолияти ғайрирасмӣ аз ҳаққи бознишастагӣ маҳрум хоҳанд монд.

Чӣ гуна нафақа мегиранд?

Намояндагони Оҷонси ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва нафақаи Тоҷикистон гуфтанд, созишномаи нав бо Русия моҳи сентябри соли 2021 имзо шуд. Парлумонҳои ду кишвар ҳанӯз санадро қабул накардаанд.

Даврон Вализода, як масъули Оҷонсӣ, 16-уми феврал ба Радиои Озодӣ шарҳ дод, ки “муҳоҷири кории тоҷик дар Русия қонунӣ кор карда, андозҳоро супурда бошад, барояш нафақаи иҷтимоӣ ҷудо карда мешавад”.

“Агар муҳоҷири корӣ шаҳрвандии Тоҷикистонро дошта бошад, нафақаи русиаш ба Тоҷикистон ва ё баръакс интиқол дода шуда, шахси бознишаста маблағи умумии нафақаҳояшро аз кишвари доимии зист мегирад. Яъне, нафақаи чунин шахсон аз ду манбаъ ташаккул хоҳад гирифт”,- афзуд ӯ.

Баъзе аз муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, солҳо дар Русия ба таври расмӣ кор карда, молиёт супурдаанд, аммо ҳанӯз намедонанд, ки ба онҳо нафақа дода хоҳад шуд ё не. Айни замон аз он ташвиш доранд, ки корфармоён дар Русия ба фаъолияти қонунии онҳо ва пардохтани андози иҷтимоӣ моил нестанд ва ба ин сабаб, мумкин аст шумораи зиёди муҳоҷирон аз ҳаққи бознишастагӣ бенасиб монанд.

Коршинос: Донистани забони русӣ муҳим

Раҳмон Улмасов, коршиноси масоили муҳоҷират дар Тоҷикистон ҳам мегӯяд, минбаъд муҳоҷирони кории тоҷикро зарур аст, ки забони русиро хуб донанд, то дар имзои қарордодҳои корӣ фирефта нашаванд.

“Пеш аз ҳама, барои муҳоҷирони кории мо ёрии бузург аст. Зеро акнун дар пиронсолӣ метавонанд нафақаи худро барои корашон дар Русия соҳиб шаванд. Вале барои ин кор онҳо бояд донишҳое дошта бошанд”,- шарҳ дод ӯ.

Ҳар сол садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар алоҳидагӣ ё бо аъзои оилаи худ дар ҷустуҷӯйи кор ва маошу зиндагии муносиб ба Русия ва Қазоқистон мераванд. Ба иттилои ҷониби Русия, шумораи онҳо феълан аз як миллион нафар бештар аст. Баъзе аз онҳо шаҳрвандии он кишварро ба даст овардаанд, то аз имтиёзҳо баҳрвар шаванд.

Мақомоти Тоҷикистон рафтани сокинонро ба Русия рад намекунанд, вале мегӯянд, шумораи онҳо ба он ҳадде нест, ки Маскав эълон мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *