Сулаймон ЗИЁЗОДА, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон

Зиндагинома. Сулаймон Зиёзода 1-уми январи соли 1962 дар ноҳияи Деваштич таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ. Соли 1983 Донишкадаи аграрии Тоҷикистонро бо ихтисоси агроном-олим хатм намудааст. Оиладор мебошад.

Фаъолияти корӣ. Ӯ фаъолияташро соли 1983 ҳамчун агрономи калони хоҷагии давлатии «Ленинобод»-и ноҳияи Зафаробод оғоз намуда, минбаъд то соли 2016 дар вазифаҳои сардори шуъбаи дуюм, котиби дуюм ва якуми кумитаи комсомол, муовини директор, директор, раиси кооперативи истеҳсолии «Ширин», раиси Ассотсиатсияи хоҷагии деҳқонии «Шуҳрат», раиси Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби ба номи М. Абдуллоев, сардори раёсати кишоварзӣ, раиси ҷамоати шаҳраки Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод, сардори шуъба-муовин оид ба иқтисодиёт ва молияи Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд, муовини якуми раиси ноҳияи Зафаробод ва муовини раиси вилояти Суғд кор кардааст.

Солҳои 2016-2019 дар мансаби раиси ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд, муовини якуми раиси вилояти Хатлон ва муовини раиси вилояти Суғд фаъолият намудааст.

Аз соли 2019 то соли 2020 дар вазифаи раиси ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд кор кардааст.

Солҳои 2020-2022 дар мансаби вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Қадршиносӣ. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми январи соли 2022 муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст. Соли 1999 бо «Ифтихорнома»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *