15 сол пас вобастагии иқтисодӣ коҳиш ва амнияти энергетикӣ таъмин мешавад

Барои  татбиқи Стратегияи миллии рушд то соли 2030   ҳудуди 118 миллиарду 100 миллион доллар  зарур аст.

Неъматуллоҳ Ҳикматуллоҳзода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон имрӯз, 1-уми декабр зимни муаррифии лоиҳаи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар парлумон изҳор дошт, ки дар доираи ин барнома давоми 15 соли оянда вобастагии иқтисодӣ аз омилҳои беруна коҳиш ёфта, амнияти энергетикӣ таъмин мегардад.

Ӯ афзуд дар доираи Стратегия раҳоии комил аз бунбасти коммуникатсионӣ, коҳиши нобаробариҳо ва беҳбуди сифати зиндагии мардум пешбинӣ шудааст: “Дар назар аст, ки ҳаҷми ММД сари ҳар сокин ду баробар зиёд шавад. Истеҳсоли саноатӣ 4,5 баробар афзоиш меёбад. Тоҷикистон аз кишвари аграрӣ ба индустриалӣ — аграрӣ табдил меёбад ва барои ин тамоми имконот мавҷуд мебошанд”.

Вазири рушди иқтисод таъкид кард, ки ин стратегияи танҳо ҳукумат ва парлумон набуда, он стратегияи миллат аст. Ӯ гуфт, барои татбиқи он на танҳо аз буҷаи давлат маблағ ҷудо намегардад, балки аз манобеи дигар низ истифода хоҳад шуд. Ба гуфтаи вазир такя ба ҷомеаи шаҳрвандӣ яке аз ҳадафҳои татбиқи стратегия мебошад. Ҳикматуллоҳзода изҳори боварӣ намуд, ки пешбиниҳо дар доираи стратегия саривақт амалӣ хоҳанд шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *