Семинари байналмиллалии биологони ҷавон

Дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Семинари байналмилалӣ оид ба омӯзиши гуногунии биологӣ дар Стансияинабототи кӯҳии Варзоб“Кондара” баргузор гардид, ки дар он олимони ҷавони соҳаи биология аз 7давлатҳои ИДМ: Тоҷикистон, Россия,Белорус, Молдова, Арманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон иштирокнамуданд.

Тавре, ки азмаркази матбуоти Академияи илмҳои ҶумҳурииТоҷикистон ба мо хабар доданд, ки Семинарро президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, ҳамаи меҳмонон ва иштирокдоронро хайрамақдам гуфт.

Семинари байналмилалӣ бо ибтикори Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АИ ҶТ, Институти  зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н.Павловскийи АИ ҶТ ва Маркази иноватсионии биология ва тибии АИ ҶТ баргузоргардид.

Сипас, дарСеминари байналмилалӣ саркотиби илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои биологӣ А.С. Саидов,академики АИ ҶТ О.А. Акназаров, академики АИ ҶТ Х.Х Ҳисориев, узви вобастаи АИ ҶТ К.А. Алиев,ходими калони илмии Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АИ ҶТ, доктори илмҳои биологӣ К. Партоев вадигарон бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуданд. Семинари байналмилалӣ оид ба гуногуниибиологӣ бо дастгирии Фонди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарӣ гузаронида шуда,то 4 – уми декабри соли равон идома меёбад.

Дар ҷараёни Семинари мазкур биологҳои ҷавон аз кишварҳои ИДМ аз Стансияи кӯҳии ботаникии Варзоби Институти ботаника, физиология вагенетикаи растании АИ ҶТ, Боғи ботаникии шаҳри Кӯлоб, Осорхонаи миллии бостоншиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АИ ҶТ ва дигар мавзеъҳои ҷолиби Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *