15-солаҳои тоҷик биринҷӣ гирифтанд
Мунтахаби футболбоздухтарони 15-солаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Тоҷиддин Наботов дар мусобиқаи байналмилалии «CAFA U-15 Girls Tournament 2017», ки Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ аз 27 то 29 август дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор чараён гирифт, ҷойи сеюм ва медалҳои биринҷиро сазовор гардиданд. Мунтахаби кишври мо дар бозии даври сеюм духтарони 15-солаи қирғизро бо задани 1 гол шикаст доданд ва дар байни 4 дастаи иштирокчии мусобиқа чойи сеюро ишғол намуданд.
Барои ҷойи якум ва медалҳои тилло мунтахабҳои Ӯзбекистону Эрон бо ҳам вохӯрданд. Футболбоздухтарони ӯзбек бозии ҳалкунандаро ба нафъи худ 2:0 анҷом дода, бо 9 холи имконпазир ғолиби мусобиқа эътироф шуданд. Мунтахаби Эрон бо 4 хол мақоми дуюм ва медалҳои нуқраро сазовор гардид. Қирғизистон дар се бозӣ мағлуб гашта, зинаи охиринро гирифт.
.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ