1500 сомонӣ. Тӯҳфаи Одиназода ба донишҷӯёни донишгоҳ

Дирӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ толори варзишӣ, ки солҳои тӯлонӣ ба таъмир ниёз дошт, ба истифода дода шуд.
Ректори донишгоҳ Ҳайдар Одиназода ҳангоми ба истифода додани варзишгоҳ қайд намуд, ки толор муддати зиёд фарсуда гашта буд ва бо маблағи донишгоҳ азнавсозӣ шудааст.

Инчунин, дар ин рӯз бахшида ба истифода додани агрегати авали НБО Роғун, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон чорабинии идонаи фарҳангиву фароғатӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Саидов Ҷ.Ҳ., Раҷабова Л.Н. ва Мансурӣ Д., аз Раёсати рушди сайёҳии Кумитаи сайёҳии Тоҷикистон – Иззатуллоев Ф., аз Кумитаи кор бо занон – М.Азимова, Д. Муродова ва дигар меҳмонон – Қурбонов У.Т., Назарзода Р., Гулаҳмадзода З., Бӯриев Н. ва дигарон ширкат доштанд.

Ректори донишгоҳ Ҳайдар Одиназода тамоми ҳозиринро ба муносибати идҳои фараҳбахш таҳният гуфта, баҳри дастгирии қишри осебпазири ҷомеа – маъюбон, ятимони кулл, ки дар донишгоҳ таҳсил менамоянд, ба маблағи 1500 сомонӣ кӯмакпулӣ тақдим намуд. Ба иштирокдорони фестивал-озмуни ихтироъкорон ва навоварони ҷавон, ки чанде пеш фаъолона ширкат намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол кардаанд, бо ифтихорномаву сипосномаҳои раёсати донишгоҳ сарфароз гардиданд. Барои иштирокчиёни озмун дар назар дошта шудааст, ки бо фароҳам овардани шароити зарурӣ онҳо барои саёҳати якрӯза ба НБО Роғун фиристода мешаванд.

Дар ошёнаи якуми толори маҷлисгоҳи асосии донишгоҳ намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили намунаи хонаи оростаи арӯсӣ, дастархони тӯёна, ки бозгӯйи анъанаҳои миллии тоҷикон ва риояи танзими анъана ва ҷашну маросимҳост, доир карда шуд.

 

Дар охир донишҷӯёни донишгоҳ бо пешниҳоди барномаи фарҳангӣ хотири ҳамагонро шод гардониданд. Ороиши саҳна, суруду рақси донишҷӯён ва ташкили намоиши анъанаҳои тӯйи арӯсию домодӣ, ки фарогири одатҳои миллии минтақаҳои Тоҷикистон буд, диққати ҳамагонро ҷалб кард.

 

Саодат Розиқзода

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *