Тоҷикистон дар 124-ум ҷой

Дар раддабандии 124 кишвари ҷаҳон аз рӯи суръати интернет, Тоҷикистон дар мақоми охирин қарор гирифтааст

 Тибқи раддабандии ҷадиди “Speedtest Global Index”, ки бар асоси додаҳои моҳи октябр таҳия шудааст, суръати интернети мобилӣ дар Тоҷикистон пасттарин миёни 124 кишвари шомилшуда дар гузориш мебошад.

Дар гузориши “Speedtest Global Index”, суръати интернети мобилии Тоҷикистон, 4,97 Мбит дар сония арзёбӣ шудааст. Дар ҳоле ки суръати миёнаи интернети мобилӣ дар ҷаҳон 23,8 Мбит ва баландтарин 68 Мбит/сония баҳогузорӣ шудааст.

Дар ин раддабандӣ Афғонистон мақоми 123-юм гирифтааст. Миёни кишварҳои Осиёи Миёна, Қазоқистон дар ҷои 74-ум, Қирғизистон – 94 ва Узбакистон дар зинаи 110-ум қарор дорад. Русия дар ин раддабандӣ мақоми 80-ум гирифтааст.

Ба пешгонаи кишварҳои дорои интернети босуръаттарин Норвегия, Исландия ва Сингапур шомил гардидаанд.

Ин гузориш инчунин интернети ноқилиро низ фаро гирифтааст, аммо Тоҷикистон дар ин бахши раддабандӣ шомил нашудааст. Аз рӯи интернети ноқилӣ Қазоқистон дар мақоми 58, Русия – 44, Қирғизистон – 79 ва Узбакистон — 112 қарор доранд.

Бознашр аз Sputnik

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *