16 000 нафар аз Амонатбонк қарз гирифтанд
Давоми 3 моҳи соли равон “Амонатбонк” ба зиёда аз 16 ҳазор муштарӣ 342 миллион сомонӣ маблағи қарзӣ пешниҳод намудааст. Аз ин 22 фоиз ба соҳаи саноат рост меояд.
Дар ин бора аз Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» иттилоъ доданд.
“Қарзҳои мазкур дар иртибот ба Солҳои рушди саноат эълон гардидани солҳои 2022–2026 дар Тоҷикистон ва аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи иқтисоди мамлакат дода шудаанд”,-иттилоъ медиҳад манбаъ.
Ҳаҷми қарздиҳӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 44 фоиз зиёд зиёд гардидааст. Аз қарзҳои пениҳодкардаи “Амонатбонк” ба муштариён 22,3 фоиз ба соҳаи саноат, 27,3 фоиз ба кишоварзӣ, 28,3 фоиз ба соҳаи истеъмолӣ, 3 фоиз ба сохтмон, қариб 18 фоиз ба тиҷорат, 0,4 фоиз ба соҳаи нақлиёт ва 0,8 фоиз ба соҳаҳои хизматрасонӣ -сайёҳӣ, тандурустӣ ва хӯроки умумӣ рост меояд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ