Ифлосӣ дар маркази шаҳри Бохтар (навор ва аксҳо аз ҷойи ҳодиса + аудио)

Дар назди Раёсати маорифи вилояти Хатлон онҳое, ки ба савдои кӯчагӣ мкашғуланд, партовҳояшонро дар роҳраву ҷӯйбор мепартофтаанд. Аммо масъулинро аз ин парвое набудааст. Чаро?

Навор ва аксҳои хабарнигори Pressa.tj аз ҷой ҳодиса бозгӯйи вазъи феълӣ дар маркази шаҳри Бохтар аст.

Танҳо дар шафати ҳамин роҳи мошингард бо вуҷуди дар чунин ҳолат буданаш, чанде аз ташкилоту муассисаи шаҳриву вилоятӣ ҷойгир буда, дар ин роҳ рафтуомади одамон ҳам кам нест. Аз Корхонаи давлати фаръии Хоҷагии коммуналии шаҳри Бохтар ба Pressa.tj гуфтанд, ки яке аз сабабҳои асосии ҷамъвашии партов ва ба роҳ рехтани обу партов ин савдои кӯчагӣ аст.

“Онҳое, ки дар назди Раёсати маорифи вилояти Хатлон дар роҳрав ба фурӯши маҳсулоти гуногун машғуланд, барои кашонидани партовҳояшон бо корхонаи мо шартнома надоранд. Ҳамаи партовҳояшон дар дохили ҷуйҳои обгузар партофта мешавад. Дар натиҷа қубурҳои обпарто маҳкам шуда, вазъ ба ҳамин ҳоле омада мерасад. Даҳҳо маротиба мо рафта ҷуйбори обгузарро тоза кардем. Мутаассифона, боз ба ҳолати пештара оварда мерасонанд”,- гуфтанд аз корхонаи коммуналӣ.

Масъулини КДФ «Обу канализатсияи шаҳри Бохтар» мегӯянд, тоза кардани ҷуйҳои (латок) обгузар ба зимаи мо нест. Вале ҳамчун корхонаи шаҳрӣ борҳо барои бартараф кардани мушкили иқдом кардаем. Масъулияти тозагии ҷуй ва ба тартиб овардани кӯчаи мавриди назар вазифаи асосии корхонаи коммуналӣ аст.

Шамсулло Файзуллозода, мутахасисси пешбари шуъбаи рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлтии шаҳри Бохтар дар як суҳбати телефонӣ бо Pressa.tj гуфт, дар ин масъала ба мақомотҳои қудратӣ муроҷиат кунед. “Борҳо барои барҳам задани савдои кӯчагӣ рейдҳои муштарак гузаронидаем. Ҷарима ҳам кардаем. Ҳоло моҳи шарифи Рамазон аст. Баъди Ид ҳатман боз редҳо гузаронида шуда, мушкилиҳо бартараф мешаванд”,-афзуд вай. Бо вуҷуди маркази маъмурии вилояти Хатлон будани шаҳри Бохтар мутаассифона, ҳанӯз иддае аз сокинон фарҳанги шаҳрнишиниро ба пуррагӣ риоя намекунанд. Дар таъмини тозагии шаҳри Бохтар дар баробари корхонаҳои дахлдор сокинон ва меҳмонон низ бояд масъулият дошта бошанд.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *