Прокуратура дар Файзобод як қатор қонуншиканиҳои заминро ошкор кард (аудио)

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати риоя ва иҷрои қонунгузории заминро дар ноҳияи Файзобод мавриди санҷиш ва таҳлил қарор додааст.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ин ниҳод, санҷиш дар фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, идораи замин, меъморӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар заминистифодабарандагони ноҳия қонунвайронкуниҳои зиёдеро ошкор намудааст.

— Ҷудо намудани заминҳои кишоварзӣ барои сохтмони биною иншоот ваколати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёбад ҳам, аммо раиси ноҳияи Файзобод бо қарорҳои ғайриқонунии худ аз ҳисоби заминҳои таъиноти кишоварзӣ барои сохтмони ҳаргуна иншоот ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷудо карда додааст. Чунончи, тайи солҳои 2019-2020 бо 4 қарори ноҳия майдони 0,43 гектар заминҳои таъиноти кишоварзӣ ғайриқонунӣ ба 4 нафар шаҳрвандон ҳамчун замини наздиҳавлигӣ дода шудааст. Бо эътирози овардашуда 4 қарори раиси ноҳия бекор ва қитъаҳои замин ба ҳолати аввала баргардонида шудаанд,- меафзояд манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, “тибқи талаботи моддаҳои 26, 84 ва 89-и Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо аз заминҳои таъиноти нақлиёт ва солимгардонӣ бе иваз намудани таъинот танҳо барои эҳтиёҷоти ҳамин мақсад ҷудо карда метавонанд. Раиси ноҳияи Файзобод дар давраи солҳои 2019-2020 бо 3 қарори худ майдони 1 гектар заминҳои нақлиёти ноҳияро, ки ба Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия тааллуқ дошт, ба 11 нафар ва майдони 0,26 гектар заминҳои солимгардониро, ки ба Шуъбаи дезинфексияи профилактикии ноҳия тааллуқ дошт, ба 2 нафар ба дигар мақсад, яъне барои сохтмони манзили истиқоматӣ ғайриқонунӣ ҷудо карда додааст. Аз тарафи Прокуратураи генералӣ ба қарорҳои ғайриқонунии раиси ноҳия эътироз оварда шуд, ки қарорҳо бекор ва заминҳо ба Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард ва Шуъбаи дезинфексияи профилактикии ноҳия баргаронида шуданд”.

— Инчунин, ҳолатҳое ҷой доранд, ки шаҳрвандоне, ки дар рӯйхати эҳтиёҷмандон барои гирифтани замини наздиҳавлигӣ нестанд ё ин ки дар ҳудуди ноҳия истиқомат намекунанд, аз тарафи комиссия ба онҳо замини наздиҳавлигӣ таъмин карда шудааст. Муайян карда шуд, ки дар асоси пешниҳоди комиссияи ҷамъиятии ноҳия ба 6 нафар шаҳрвандоне, ки дар рӯйхати оилаҳои эҳтиёҷманд набуда, сокинони дигар шаҳру ноҳияҳо мебошанд, бо қарорҳои раиси ноҳия ҳамчун оилаҳои эҳтиёҷманд қитъаи замини наздиҳавлигӣ дода шудааст. Ба қарорҳои мазкур ҷиҳати бекор кардани онҳо эътироз оварда, масъалаи аз рӯйхати оилаҳои эҳтиёҷманд баровардани онҳо гузошта шуд,- меафзояд манбаъ.

Тавре гуфта мешавад, боз ҳолатҳое ҷой доранд, ки кумитаи идораи замини ноҳияи Файзобод ҳангоми вобаста кардани заминҳои чарогоҳ, хилофи талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амал намуда, аз муҳлати дар қарори мазкур муқарраршуда муҳлати истифодабарии чарогоҳро зиёд вобаста менамояд. Аз рӯи ин ҳолат ба 5 қарори раиси ноҳияи Файзобод, ки майдони 2060 га заминҳои чарогоҳҳои мавсимии муҳлатноки ноҳия ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ғайриқонунии вобаста карда шуда буд, ҷиҳати бекор кардани онҳо эътироз оварда шуда, қарорҳо бекор ва қитъаҳои замин ба заминҳои захираи ноҳия гузаронида шудааст.

— Ҳолатҳои аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатӣ, кумитаи идораи замин ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ бо истифода аз ваколатҳои мансабиашон ба хариду фурӯш ва тақсимоти ғайриқонунии заминҳои таъиноти кишоварзӣ даст задан низ ошкор карда шуд. Чунончи, собиқ раиси кумитаи идораи замини ноҳияи Файзобод Ҳасанов И. И. ва дигар аъзои комиссияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод бо истифода аз ваколатҳои мансабиашон майдони 1,68 га заминҳои таъиноти кишоварзии (намуди корами лалмӣ) ҷамоатҳои деҳоти Вашгирд, Меҳробод ва ба номи Дустмурод Алиеви ноҳияро ба 27 нафар шаҳрвандон ғайриқонунӣ ҳамчун замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда додаанд. Ё худ роҳбари хоҷагии деҳқонии «Бедил»-и ноҳияи Файзобод Раҳимов Қ. Қ. дар сатри ҷадвали шаҳодатномаи қонунигардонии молу мулки фермаи комплексии сохтмонаш нотамоми харидорӣ намудааш масоҳати умумии қитъаи заминро, ки 5,50 гектарро ташкил медодааст, бо роҳи сохтакорӣ 15,50 гектар нишон дода, сипас майдони 3,0 га замини таъиноти кишоварзии (намуди чарогоҳ) бо роҳи сохтакорӣ аз худ намудаашро ба 33 нафар шаҳрвандон ғайриқонунӣ бар ивази 285000 сомонӣ, 120 000 рубли Федератсияи Россия ва 8800 доллари ИМА ҳамчун замини наздиҳавлигӣ тақсим карда фурӯхтааст. Нисбати Ҳасанов И. И., аъзои комиссияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ва роҳбари ХД “Бедил” Раҳимов Қ. Қ. барои ғайриқонунӣ додани замин, қаллобӣ ва сохтакории шаҳодатномаи конунигардонии молу мулк бо моддаҳои 3381 қисми 2 банди “б” (ғайриқонунӣ додани замин бо истифода аз ваколати мансабӣ), 247 қисми 4 банди “б” (қаллобӣ ба миқдори махсусан калон) ва 340 қисми 2 банди “б” (сохаткории ҳуҷҷатҳо аз ҷониби гуруҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, баъд аз анҷом ёфтани тафтишоти пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд фиристода шудааст. Бо таъиноти Суди ноҳияи Файзобод аз 28-уми феврали соли 2022 нисбати аъзои комиссияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод бинобар талофи гардидани заррари расонидашуда, дар асоси талаботи қисми 3 моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” аз 24.08.2016 таҳти №1355 парвандаи ҷиноятӣ дар истеҳсолоти суд қатъ карда шудааст. Бо ҳукми Суди ноҳияи Файзобод аз 16-уми декабри соли 2021 нисбати роҳбари ХД “Бедил” Раҳимов Қ. Қ. ҷазои ҷарима ба андозаи 1660 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 96 280 сомонӣ татбиқ карда шудааст,- омадааст дар иттилоияи Прокуратураи генералӣ.

Тибқи иттилои манбаъ, ҳолатҳои зиёди худсарона ишғол намудани замин, ғайримақсаднок истифода намудани замин, бе ҳуҷҷати тасдиқкунанда истифодабарии замин ва сари вақт пардохт накардани маблағҳои андози ягона аз тарафи заминистифодабарангон ошкор карда шуда, нисбати 27 нафар ҳуқуқвайронкунандагони дигар бо аломатҳои моддаҳои 141, 143, 146 ва 148 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз ва барои рӯёнидани қарзи андози ягона 7 адад амр ба шахсони воқеию ҳуқуқӣ дода, бо натиҷаи баррасии он маблағи 28505 сомонӣ ба буҷети маҳаллӣ барқарор карда шудааст.

Дар натиҷаи санҷиш дар ноҳияи Файзобод ҳолатҳои ғайриқонунӣ додан ва хариду фурӯши майдони умумии 5,45 гектар замин ба 57 нафар ба маблаги 285000 сомонӣ, 120 000 рубли Федератсияи Россия ва 8800 доллари ИМА ошкор шуда, нисбати шахсони гунаҳгор 2 парвандаи ҷиноятӣ, 27 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз гардида, ба 15 адад қарорҳои ғайриқонунии раиси ноҳия эътироз оварда, барои ба ҳолати аввала баргардонидани 0,75 га қитъаи замин амр дода, маблағи 28505 сомонӣ андози замин ба буҷети давлат барқарор карда шудааст,- меафзояд манбаъ.

Бояд гуфт, ки солҳои рух додани бесарусомониҳо дар самти истифодаи замин дар ноҳияи Файзобод ба давраи раисии Миралӣ Раҷабзода рост меояд. Тавре аз тарҷумаи ҳоли ӯ бармеод, мавсуф ҳоло 63 сол дошта, зодаи шаҳри Ваҳдат аст. Ӯ хатмкардаи ду муассисаи олӣ — Институти педагогии давлатии Душанбе ба номи Т. Шевченко (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ) ва  Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур мебошад. Фаъолияташро аз китобхонаи ҷамоати Туғмазори шаҳри Норак ва омӯзгор дар мактаби №47-и шаҳри Ваҳдат оғоз намудааст. Баъдан, солҳои 1993-1996 директори совхози «Шуҳрат»-и ноҳияи Кофарниҳон, 1996-2000 раиси колхози «Боғпарвар»-и шаҳри Норак, 2000-2005 раиси Шӯрои ассотсиатсияи хоҷагии деҳқонии «Боғпарвар»-и шаҳри Норак, 2005-2008 раиси кумитаи заминсозии шаҳри Норак,

2008-2011 муовини раиси шаҳри Норак, 2011-2013 муовини якуми раиси шаҳри Норак, 2013-2015 раиси шаҳри Норак, 2015-2020 раиси ноҳияи Файзобод фаъолият намудааст.

Бино ба иттилои манобеи огоҳ, айни замон Миралӣ Раҷабзода дар яке аз ширкатҳои таксӣ дар шаҳри Душанбе кор мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *