16 рӯзи мубориза бар зидди хушунати занон

Имрӯз дар меҳмонхонаи “Лотос”-и шаҳри Душанбе конфронс баргузор гашт. Дар конфронс намояндагони Аъзоёни Иттиҳодияи ҷамъиятии «Аз баробарии ҳуқуқӣ ба баробарии воқеӣ», Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ, Вазорати рушди иқтисод ва саводи ҶТ, Агентии омори назди Ҳукумати ҶТ, ташкилотҳои байналмиллӣ ва ВАО  иштирок доштанд.

Ин ҷамъомад тибқи Барномаи вохӯрии машваратӣ оид ба омодасозии маърӯзаи алтернативӣ бо амалисозии Конвенсияи барҳамсозии тамоми шаклҳои хушунат нисбати занон ва нақшаи фаъолияти ташкилоти ҷамъиятии шаҳрвандӣ оиди Мақсадҳои рушди устувор то соли 2030” фаъолияташро роҳандозӣ намуд.

Зайтуна Наимова, намояндаи Иттиҳоди Ҷамъияти Иҷтимоӣ кор бо занон ва оила, занҳои СММ   қайд намуд, ки ҳамасола аз таърихи 25-уми  ноябр вобаста ба «Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди хушунати занон”  конфронсҳо ташкил карда мешавад. Имсол вобаста ба ин сана лоиҳаи “16 рӯзи хушунат бар зидди зӯроварӣ бар занон”-ро  пешниҳод намудем, ки ба кори он оғоз бахшидем. Ҷои пӯшида нест, ки масъала дар кишвар яке аз мушкилии асосӣ маҳсуб меёбад, ки инро таҳлилгарон исбот намудаанд.

“Мақсад аз ин вохӯрӣ дар он аст, ки бояд  шумо намояндагони ҷамъиятҳои иҷтимоӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, дар  баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии занҳое, ки дар деҳаҳои дур аз марказ зиндагӣ мекунанд, саҳмгузор бошед. Тасмим гирифтаем, ки дар семоҳаи дуюми соли 2018 чунин конфронсҳоро дар ноҳияҳои кишвар гузаронем”.

Т. Бозрикова, роҳбари гурӯҳи иттиҳодияи санҷишии оиди омодасозии маърӯзаи алтернативӣ дар муаррифии барнома қайд намуд, ки аввалин маротиба маърӯзаи алтернативӣ 1-уми январи соли 2007 дар Ню-Йорк, дуюм  маротиба моҳи октябри соли 2013 ва ин дафъа дар шаҳри Душанбе баргузор гашт.

Маҳинаи Давлат

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *