«Хуҷанд» дар плей-оффи Ҷоми КФО-2018

Дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд ширкати худро дар Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2018 аз даври плей-офф шурӯъ мекунад.
Конфедератсияи футболи Осиё ба федератсияҳои маҳаллӣ паём додааст, ки барои ширкат дар мусобиқоти байниклубҳои минтақа – Лигаи чемпионҳо ва Ҷоми КФО дар соли оянда аз 36 кишвар пешниҳод қабул кардааст. Ин кишварҳои Австралия, Баҳрайн, Банғола, Бутан, Чин, Тайбэйи Чин, ҶХД Корея, Ҳонконг, Ҳиндустон, Индонезия, Ироқ, Эрон, Ҷопон, Урдун, Кореяи Ҷанубӣ, Қирғизистон, Лаос, Лубнон, Макао, Малайзия, Малдив, Муғулистон, Мйянма, Умон, Фаластин, Филиппин, Қатар, Арабистони Саудӣ, Сингапур, Сурия, Тоҷикистон, Таиланд, Туркманистон, Аморати Араб, Ӯзбекистон ва Вйетнам мебошанд.
Дастаи чемпиони Тоҷикистон клуби «Истиқлол»-и Душанбе, ки имсол то финали Ҷоми КФО роҳ ёфт, дар мавсими нав аз даври гурӯҳии ин мусобиқа ширкат хоҳад кард. Дастаи чемпиони Қирғизистон «Олой»-и ӯш ва дастаи пешсафи чемпионати Туркманистон, ки баъдтар маълум мешавад, низ аз даври гурӯҳи ба Ҷоми КФО ҳамроҳ хоҳанд шуд. Як дастаи дигари иштирокчии марҳилаи гурӯҳӣ аз Осиёи Марказӣ баъди баргузории даври плей-офф маълум мешавад.
«Хуҷанд»-и Хуҷанд, ки дар чемпионати Тоҷикистон зинаи дуюмро соҳиб шуд, дар Ҷоми КФО на аз даври муқаддимотӣ, балки аз даври плей-офф шурӯъ мекунад, зеро дастаи чемпиони Афғонистон пешниҳоди ширкат кардан дар ин мусобиқотро надодааст. Аз ин рӯ, «Хуҷанд» ба таври худкор ба даври плей-офф роҳ меёбад. Дар ин марҳила ҳарифи даста ғолиби ҷуфти «Дордой» (Қирғизистон) ва дастаи дуюми чемпионати Туркманистон дар даври муқаддимотӣ хоҳад буд. «Хуҷанд» вохӯриҳои худро дар доираи даври плей-оффи Ҷоми КФО-2018 13 ва 20-уми феврал баргузор мекунад. Хуҷандиҳо вохӯрии якумро дар сафар ва вохӯрии ҷавобиро дар майдони худ мегузаронанд.
Бозиҳои даври муқаддимотӣ, ки дар он ҳарифи «Хуҷанд» маълум мешавад, рӯзҳои 23 ва 30-юми январ дар назаранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *