16-солаҳои футболи Тоҷикистон — дастаи беҳтарин

Ин баҳоро дар арафаи Соли нав ба аъзои дастаи 16-солаҳои футболи кишвар (U-16), ки дар Чемпионати Осиё-2018 тирамоҳи соли гузашта дар Малайзия баргузор шуда, ҷойи дуюм ва роҳхат ба Чемпионати ҷаҳонии мунтахабҳои 17-солаҳоро сарфароз гардида буданд, Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати ҷумҳурӣ муносиб донист.
Инчунин, 28 декабр дар маҷмааи «Кохи Суруш» бо ташаббуси ФФТ маросими тантанавии мукофотонидани мунтахаби футболи 16-солаҳо пас аз ҷамъбасти нишондодҳои футболи соли 2018 бо унвони «Устоди дараҷаи байналмилалии варзиши Тоҷикистон» ҷараён гирифт. Ба футболбозони ҷавон шаҳодатномаҳои унвони мазкурро раиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Аҳтам Абдуллозода супорид.
Мураббии мунтахаби ҷавонони U-16 Субҳон Хоҷамов ба унвони «Мураббии шоистаи Тоҷикистон» қадр гардид. Сармураббии даста Зайниддин Раҳимов ва ёрдамчии ў Сафаралӣ Раҳмонов солҳои пешин ба ин унвон сарфароз гардида буданд.
Инчунин, ба роҳбарият ва маъмурияти мунтахаби ҷавонон унвони «Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон» дода шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *