Муноқишаҳои хунин, ҷинояти ноболиғон, дуздии ҷавоҳирот ва дигар хабаирҳои ВКД

                                                   Захмӣ намудани ҳамдеҳа дар пайи муноқиша

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 31-солаи сокини ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.

Номбурда, рӯзи 22-юми декабри соли 2018, тахминан соати 10:00-дақиқа, дар маркази ноҳияи мазкур бо марди 30-солаи сокини ҷамоати деҳоти Оббурдон вохӯрда, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, ҷангу ҷанҷол карда, бо корд 1-маротиба ба пойи росташ задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

                                                    Расонидани зарари ҷисмонӣ аз ҳиссиёти авбошӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино ҷавони 18-солаи сокини кӯчаи Фурӯзони пойтахт муроҷиат намудааст, ки рӯзи 1-уми январи соли 2019, тахминан соати 16:00-дақиқа, дар кӯчаи Хуҷандии пойтахт шахси номаълум аз ҳиссиёти авбошӣ ӯро бо олоти халандаю бурранда 1-маротиба ба қафаси синааш зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ҷавони 19-солаи сокини кӯчаи Борбади шаҳри Душанберо бо гумони авбошӣ дастгир намуданд.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

                                                        Рабудани чорвои калони шохдор

Ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб бо ариза марди 46-солаи сокини ҷамоати деҳоти Зарбдори ҳамин шаҳр муроҷиат намудааст, ки моҳи октябри соли 2018 шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои наздиҳавлигиаш 1-сар чорвои калони шохдор, ки арзиши умумиаш 12 000-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини ҷамоати деҳоти Зарбдор, ки пеш бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони дуздӣ дастгир карда шуд.
Ҳамин тариқ, ба ШВКД дар ноҳияи Ёвон аризаи марди 20-солаи сокини деҳаи Чаманзори ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки рӯзи 25-уми октябри соли 2018, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз чарогоҳи назди деҳаашон 6-сар чорвои калони шохдорро, ки арзиши умумиашон 20 ҳазору 500-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 33-солаи сокини деҳаи Қулободи ҳамин ноҳияро бо гумони дуздӣ дастгир намуданд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

                                                    Дуздии ҷавоҳироти тиллоӣ дар арафаи Соли нав

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ зани 62-солаи сокини кӯчаи Рӯдакии пойтахт дар он хусус муроҷиат намудааст, ки шаби 30-юм ба 31-уми декабри соли 2018, тахминан соати 01:30-дақиқа, шахси номаълум бо роҳи кушодани тиреза ба хонаи истиқоматиаш ворид шуда, аз он ҷо ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Зарари расонидашуда 20 000-сомониро ташкил медиҳад.
Аз ҷониби кормандони милитсия зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҷавонписари 19-солаи сокини ноҳияи Айнӣ бо гумони дуздӣ дастгир карда шуда, ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.

                                     Дуздидани ҷӯмакҳои обгузар аз ҷониби ноболиғон

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ марди 20-солаи сокини деҳаи Ҷӯйибодоми ҳамин ноҳия муроҷиат намудааст, ки рӯзи 19-уми декабри соли 2018 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба ҳавлии истиқоматиашон даромада, аз он ҷо 669-адад ҷӯмакҳои обгузар “Винтел”, ки арзиши умумиашон 18 ҳазору 211-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия 3 нафар ноболиғони 12-13-солаи сокинони деҳаи Ҷӯйибодом бо ҷурми дуздӣ дастгир карда шуданд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *