16-солаҳои Тоҷикистон дар финали чемпионати Осиё — 2018!

Марҳилаи интихобии мусобиқаи  чемпионати Осиё-2018 миёни футболбозони 16-сола дар нуҳ гурӯҳ ба итмом расид. Дар натиҷа аз 16 даста 14 дастаи иштирокчии марҳилаи финалии чемпионати Осиё – 2018 маълум гардиданд.

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ  Зайниддин Раҳимов дар гурӯҳи «В»3 бозии марҳилаи интихобиро бурида, бори аввал ба финали чемпионати Осиё роҳхат гирифт.

Чемпионати Осиё-2018 соли оянда дар кишвари Малайзия баргузор мешавад. Дар марҳилаи финалиии он ғолибони 8 гурӯҳи дигар – мунтахабҳоии 16- солаи Урдун, Эрон, Ироқ, Яман, ҶХДК, Индонезия, Австралия ва Ҷопон бо ҳам вомехӯранд. Аз миёни мунтахабҳое, ки дар гурӯҳҳояшон ҷойи дуввумро ишғол намудаанд, дастаҳои Уммон, Ҳиндустон, Таиланд ва Ветнам ба финали чемпионати қитъа роҳ ёфтанд.

Танҳо ба мунтахабҳои Тоҷикистон ва Эрон аз Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ муяссар шудааст, ки ба финали чемпионати мазкур бароянд.  Мунтахабҳои Ӯзбекистон ва  Қирғизистон аз гурӯҳҳои худ ба финал баромада натавонистанд. Аммо мунтахаби Афғонистон, ки дар гурӯҳи худ дуввумро гирифтааст, имконияти ба финали чемпионат баромаданро аз даст надодааст. Ин ба онҳо аз натиҷаи вохӯриҳои мунтахабҳои Кореяи Ҷанубӣ, Филиппин,  Хитой ва  Мянма дар гурӯҳи «Н» вобастагӣ дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *