Марямбону Фарғонӣ -Тоҷикистон

Дуруд

Ману меҳри ту баридан? Чӣ хаёли хом бошад,

Лаби ман ба ҷоми гулгун, ғаразам на ҷом бошад.

Ба раҳи муҳаббати ту ба ҳавас нишаста бисёр,

Амалам ҳавас набошад, дили ман ба дом бошад.

Қафасат қафас набошад, ки ба як ҷаҳон шаҳомат,

Ба назар чу тахти султон бари як ғулом бошад.

Нафасат зи атри гесу чу кунам муаттар, эй дӯст,

Ҳавасат зи атри Париж барида мудом бошад.

Ба миёни ошиқонат шудаам баранда сабқат,

Чӣ хушам, ки нафсу шаҳват бари мо ҳаром бошад.

Зи ту ман чӣ хоҳам, эй ҷон, ки зи дуриҳо чӣ гӯйӣ,

Ба саҳар «Салом!» бошад, «Шаби хуш!» ба шом бошад.

***

Танҳоӣ  

Чӣ нокас буд, роҳи нораво дид,

Ба роҳ андохт, тартиби раводид.

Зи ҷашну мотами ёрон шудам дур,

Чунин қисмат раво бар ман худо дид.

Ҳама чизе зи «Истиқлол» диданд,

Бухорию Самарқандӣ чиҳо дид.

Навин наслаш забон гум карда, афсӯс,

Зи “навсоҳибфарон”-аш ӯ ҷафо дид.

Ба хушкӣ рондани киштӣ абас нест,

Кӣ киштии бидуни нохудо дид?

Фаридун ку?! Гиребонаш бигирам,

Ки Эрон пора кардан ӯ раво дид.

مریم بانو فرغانی- تاجیکستان

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *