1600000 ё 1900000? Баҳси қарзи барқ дар Бохтар. Кӣ ҳақ аст?
Феълан Муассисаи давлатии коммуналӣ ва чароғонкунию ороишии шаҳри Бохтар аз ҳақи истифодаи барқ беш аз 2 миллиону 800 ҳазор сомонӣ қарздор будааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки масъулини муассисаи мавриди назар иддао доранд, ки қарзашон каме бештар аз 1 миллиону 600 ҳазор сомонӣ асту халос.
Бахтиёр Раҷабов, муҳосиби шабакаҳои барқи шаҳри Бохтар дар як суҳбати кӯтоҳ гуфт, ки Муассисаи давлатии коммуналӣ ва чароғонкунию ороишии шаҳр дар аз ҳақи истифодаи барқ 2 миллиону 853 ҳазору 195 сомонӣ қарздор аст. Ӯ мегӯяд, ки қарздорӣ аз вақти ташкилшавии муассиса аст. “Солона аз 250 то 300 ҳазор сомонӣ ҳақи истифодаи барқ пардохт мешавад”,- афзуд вай.
Бо вуҷуди ин, як сол аст, ки баҳси Муассисаи давлатии коммуналӣ ва чароғонкунию ороишӣ дар масъалаи қарздорӣ дар ҳаҷми 11 миллион сомонӣ рафта истодааст.
Бахтиёр Раҷавоб афзуд, ки масъалаи мавриди назар як сол аст идома дорад. Ӯ таъкид кард, ки “ҳоло прокуратура санҷиш дорад, ҳанӯз масъала пурра ҳал карда нашудааст”.
Дар ҳамин ҳол, Миралишоҳи Сайфиддин, сардори Муассисаи давлатии коммуналӣ ва чароғонкунию ороишии шаҳри Бохтар дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки “тибқи санадҳои муқоисавӣ қарзи муассисаи мо аз ҳақи истифодаи барқ беш аз 1 миллиону 600 ҳазор сомонӣ аст”. Ӯ мегӯяд, ки “мо беш аз 2 миллиону 800 ҳазор сомонии қарзро эътироф намекунем. Аз рӯи ҳалномаи суд моро 1 миллиону 900 ҳазор сомонӣ қарздор карда буданд. Ду сол аст, ки кам-кам аз қарзи пешина пардохт мекунем. Мо дар 1 миллиону 900 ҳазор ҳамаи санадҳои муқоисавӣ бо барқро дорем”.
Миралишоҳи Сайфиддин иддао дорад, ки масъулини шабакаҳои барқ аз рӯи беш аз 11 миллион сомонӣ не, балки барои 1 миллиону 900 ҳазор сомонӣ даъво карда буданд.
“Дар масъалаи беш аз 11 миллион сомонӣ қарз мо хабар надоштем. Ин баҳс аз соли 2021 оғоз шудааст. Ба мо пешниҳод нашуда буд. Мо аз ташкилшавии ҳамин муассиса маблағ намесупоридем. Миёни Вазорати молия ва Барқи тоҷик ҳисоббаробаркунӣ мешуд”,- афзуд ӯ.
Муассисаи давлатии коммуналӣ ва чароғонкунию ороишии шаҳри Бохтар соли 2011 ташкил шудааст. Фаввора ва чароғҳои хиёбону кӯчаҳои шаҳри Бохтар дар мувозинати ин муассиса мебошанд.
Масъалаи сари вақт пардохт нашудани ҳақи истифодаи барқ аз ҷониби иддае аз истифодабарандагон ҳанӯз пурра роҳи ҳал пайдо накардааст. Мутаассифона, ҳанӯз ҳастанд ашхосе, ки бо вуҷуди истифодаи фаровон аз барқ дар пардохти ҳақи он хунукназарӣ мекунанд.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ