Ноҳияи Рӯдакӣ: Марги як кӯдак дар садамаи мудҳиш

Маркази матбуоти ВКД иттилоъ медиҳад, ки бар асари садамаи нохуши нақлиётӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ як ноболиғи 4-сола ҳалок шудааст.

Бино ба гузориши мазкур, субҳи рӯзи 30-юми май ноболиғ бо номи Исо Раҳмонов, соли таваллудаш 2007, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс»-ро, ки ба бародараш Муҳаммад Раҳмонов, соли таваллудаш 1996, сокини ҳамон ҷо тааллуқ дошт, гирифта, ҳангоми бо суръати баланд ҳаракат кардан дар роҳи автомобилгарди деҳаашон аз уҳдаи идораи мошин набаромада, ба хоначаи насоси обкашонии лаби роҳ бархӯрда, ба дохили дарё чаппа шудааст.

Тибқи хабари бадастомада дар натиҷаи ин садама мусофири автомашинаи мазкур ноболиғ Мустафо Раҳмонов, ки писари соҳиби мошин буда, соли таваллудаш 2019 ва сокини ҳамон ҷо аст, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *