Футболбози тоҷик дар Украина қаҳрамон шуд

Нимҳимоятгари дастаҳои олимпӣ ва мунтахаби Тоҷикистон Хусрав Тоиров дар ҳайати «Шахтёр» дар натиҷаи ҷамъбасти мавсими имсола қаҳрамони Украина шуд. Дар ин бора дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.

Дастаи “Шахтёр” рӯзи якшанбе дар даври 29-уми чемпионати Украина бар дастаи «Днепр-1» бо ҳисоби 3:0 ғалаба карда, пеш аз муҳлат соҳиби унвони чемпион шуд. Ин 14-умин ғалабаи «Шахтёр» аст. Даста қаблан дар солҳои 2002, 2005, 2006, 2008, 2010, 2011, 2012, 2013, 2014, 2017, 2018, 2019 ва 2020 ғолиби Чемпионати Украина шуда буд.

Хусрав Тоиров моҳи марти соли равон ба «Шахтёр» гузашт ва аввалин бозиашро 16-уми апрел дар чемпионати Украина дар вохӯрӣ бо «Лвов» (2:0) доир намуд.

Бояд гуфт, Хусрав Тоиров ба ҳайати ниҳоии тими миллии Тоҷикистон барои ширкат дар Ҷоми миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, ки аз 11 то 20-уми июн дар Тошканд баргузор мешавад, ворид шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *