17 муҳоҷири тоҷик ба садама дучор шуданд
Рӯзи 11 сентябр дар роҳи бозгашт аз Русия автобуси муҳоҷирони тоҷик бо 17 мусофир дар шоҳроҳи Остона – Петропавловск дар ҳудуди вилояти Акмолаи Қазоқистон ба як мошини КАМАЗ бархӯрдааст. 5 шаҳрванди тоҷик дар ин садама ҷароҳат бардоштаанд.
Департаменти корҳои дохилии вилояти Акмолаи Қазоқиситон хабар дод, ки рӯзи 11 сентябр бар асари бархӯрди мошини мусофиркаши «Мерседес – Спринтер” бо як мошини боркаши КАМАЗ дар километри 14-уми шоҳроҳи Остона – Петропавловск 5 муҳоҷири тоҷик осеб дидаанд. 17 муҳоҷири тоҷик бо ин «Мерседес – Спринтер” аз Русия ба Тоҷикистон бармегаштанд.
5 муҳоҷири ҷароҳатбардоштаро дар бемористони Акмола бистарӣ кардаанд.
Маркази матбуоти пулиси вилояти Акмола дар шарҳи ин садама гуфт: «Тавре ки кормандони пулис муайян карданд, ронандаи мошини «Мерседес – Спринтер”, ки дар дохилаш 17 нафар буд, ҳангоми кӯшиши гузаштан аз мошини пешаш бо мошини тамғаи КамАЗ, ки ба тарафи чап мегашт, бархӯрдааст. Дар натиҷаи ин садама ронанда ва мусофирони «Мерседес- Спринтер” осеб диданд.”
Ронандаи КамАЗ як сокини 48-солаи шаҳри Кокшетауи Қазоқистон будааст.
Пулиси Акмола мегӯяд, шаҳрвандони Тоҷикистон бо мошини «Мерседес- Спринтер” аз муҳоҷирати корӣ аз Русия ба Ватани худ бармегаштанд.
Дар робита ба ин ҳодиса бар асоси моддаи 345-уми Кодекси ҷиноятии Қазоқистон (вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ) тафтиш шурӯъ шудааст.
Ин садама дар ҳоле рух дод, ки бо расидани фасли тирамоҳ мавсими бозгашти муҳоҷирони тоҷик аз Русия оғоз ёфтааст.
Муҳоҷирон мегӯянд, бо оғози мавсими бозгашти онҳо ширкатҳои ҳавопаймоӣ дигарбора нархи билети парвоз аз Русия ба Тоҷикистонро боло бардоштаанд ва зӯри ҳар кас барои харидани билетҳои то 500-долларии онҳо намерасад.
Ба ин далел, бисёриҳо барои сарфа кардани харҷи роҳ аз нақлиёти заминӣ истифода мекунанд, ки ҳарчанд арзонтар тамом мешавад, вале хатараш бештар аст.
Се рӯз пеш як мошини дигар бо муҳоҷирони тоҷик дар марзи Русия бо Қазоқистон дучори садама шуда буд. Аз видеои нашршуда бармеояд, ки дастикам яке аз онҳо – ронандаи мошин – дар ин садама ҷон бохтааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ