Нахустнамоиши филми “Тангно” дар Хуҷанд

Соати 17:00 дақиқаи имрӯз нахустнамоиши филми “Тангно” дар  муассисаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ  Рӯдакӣ баргузор мешавад. Дар имрӯза нишаст бо хабарнигорон, ки саоти 10:00 баргузор шуд,  муаллими филм,  Муҳиддини Музаффар гуфт, ки филми мазкур санаи 6-сентябр дар театрҳои  шаҳри Душанбе ба намоиш гузошта  шуда аз ҷониби тамошобинон гарм истиқбол шуда буд.

“Имрӯз соати 17:00 нахустнамоиши филми “Тангно” ба пешкаши тамошобинон мегардад ва умедворам баъди тамошои филм ба он баҳои сазовор медиҳанд. Мо ҳайати эҷодии муассисаи “Суғдсинамо” кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки бо омода ва пешкаш кардани чунин филмҳо пеш аз ҳама ба арзишҳои фарҳангӣ рӯ орем ва асарҳои пурарзише, ки ба мардум кам муаррифӣ шудаанд бо воситаи филмм бештар муаррифӣ кунем. Филми “Тангно”, ки аз рӯи асари устод Сорбон ба навор бардошта шудааст, фикр мекунам заҳамоти беш аз 70 солаи ин нависандаи мушоҳидакорро “рӯи об овардааст”-афзуд Музаффар.

Оид ба филми “Тангно”, сабаби ба наворгирии маҳз асари “Тангно”, мушкилот, хароҷот ва дигар ҷузъиёти филм ва умуман “Суғдсинамо” дар шумораи баъдии ҳафтаномаи “Тоҷикиситон” муълумот хоҳем дод.

                                                                                                                                                 Фарзона Муродӣ

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *