$170 миллион ба хориҷа. Тоҷикистон то кай равғанро аз берун ворид мекунад?

Дар Тоҷикистон солҳои охир бо вуҷуди бунёду ба истифода додани даҳҳо корхонаи равғанбарорӣ, воридот бештар аст. Ҳамасола Тоҷикистон барои воридоти равғани растанӣ ҳудуди 170 млн доллар сарф мекунад. Ҳаҷми истеҳсоли ин маҳсулот дар дохили ҷумҳурӣ талаботи ҳамагӣ 15%-и аҳолиро қонеъ мекунад. Дар рафҳои дӯкону мағозаҳо бошад, аз ҳама аввал равғани истеҳсоли Қазоқистону Русия меистад.

Нархҳои дандоншикан

Яке аз муҳимтарин маводи ғизоӣ барои мардуми Тоҷикистон равғани растанӣ ба ҳисоб меравад. Ҳоло дар бозорҳои Тоҷикистон як литр равғани растании офтобпараст аз 18 то 22 сомонӣ аст. Нархи равғани пахта ҳам қариб ба равғани офтобпараст баробар аст. Агар нисбат ба ду сол пеш муқоиса намоем, ҳоло нархи равған наздики 50 фоиз гарон шудааст. Харидорон мегӯянд, ки дар шароити кишвари мо ин гуна нархҳо хеле гарон аст. Зеро бисёриҳо имкони хариданро надоранд, бо маошу нафақа рӯз мегузаронанд.

“Мегӯянд, ки корхонаҳои зиёди равғанбарорӣ кушодем. Куҷост истеҳсоли худамон, ки арзон харидорӣ кунем?”,- бо нигаронӣ мегӯянд харидорон. Аммо фурӯшандаҳои равған изҳор менамоянд, ки ширкатҳои воридкунанда ин навъи маводи ғизоиро бо нархи баланд ба онҳо дастрас мекунанд.

Корхона барзиёду воридот аз берун

Ҳоло теъдоди корхонаҳои равғанбарорӣ дар Тоҷикистон аз 80 адад ҳам гузаштаст. Аммо талаботи аҳолиро пурра бо равғани худӣ таъмин карда наметавонанд. Бинобар ин, Тоҷикистон дар масъалаи воридоти равған бештар вобастаи кишварҳои дигар, аз ҷумла Қазоқистону  Русия мебошад. Бино ба маълумоти оморӣ, воридкунандагони асосии маҳсулоти равған ба Тоҷикистон ҶДММ “ТаджЭро”, ҶДММ “Сифат сохтмон”, ҶДММ “Саноат ва Сохтмон”, ҶДММ “Некроҳ — 2014” ва дигар субъектҳои хоҷагидор ба ҳисоб мераванд. Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти воридотӣ бештар ба Қазоқистон ва сипас ба Русия рост меояд. Ба андешаи коршиносон, ҳарчанд аз ҷониби корхонаҳои Тоҷикистон истеҳсоли равған нисбат ба чанд сол пеш зиёд шуда бошад ҳам, вале нокифоя аст. Онҳо талаботи дохилиро қонеъ намекунанд.

Суғд дар ҷойи аввал

Дар миқёси Тоҷикистон аз ҳама теъдоди зиёди корхонаҳои равғанбарорӣ ба вилояти Суғд рост меояд. Яке аз онҳо ҶДММ “Сирдарё” дар шаҳри Хуҷанд мебошад, ки моҳи апрели соли равон зимни сафари Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шудааст. Гуфта мешавад, ки корхона дар як сол иқтидор дорад то 18 ҳазор тонна равғани растанӣ истеҳсол намояд. Корхонаи “Сирдарё” бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ ва воридотӣ фаъолият менамояд.  Ҳоло шумораи корхонаҳои истеҳсоли равған дар вилояти Суғд ба 37 адад расонида шудааст. Дар соли 2023 дар вилоят 21,6 фоизи равғани растании ҷумҳурӣ истеҳсол гардидааст.

Тоҷикистон талош дорад, ки истеҳсоли равғани растаниро беш аз 57% афзоиш дода, воридоти ин маҳсулотро 2,1% коҳиш диҳад. Ин рақам дар “Пешгӯии нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2024” омадааст.

Тибқи ин санад, то соли 2024 ҳаҷми воридоти равғани растанӣ ва чарбу то 94 ҳазор тонна коҳиш меёбад. Дар баробари ин дар ҷумҳурӣ дар назар аст истеҳсоли равған, асосан равғани пахта зиёд карда шавад.

Аз дастури Президент то назари коршинос

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон борҳо вобаста ба таъмини амнияти озуқаворӣ ба вазорату идораҳои дахлдор супориш додаанд, ки ҳаҷми истеҳсол, харид, омодакунӣ ва содироти маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла, маҳсулоти зарурӣ, аз қабили орд, равған ва сабзавот зиёд карда шавад.

Истеҳсоли равған, бино ба пешгӯии Вазорати рушди иқтисод ва савдо, дар се сол бояд аз 27,3 ҳазор тонна ба 43 ҳазор тонна дар соли 2024 афзоиш ёбад. Ба гуфтаи иқтисодшиносон, бо назардошти меъёри истеъмолӣ 16,6 кг барои як нафар дар як сол, бо назардошти афзоиши аҳолӣ эҳтиёҷ ба равған низ аз 160,8 ҳазор тонна то ба 170,6 ҳазор тонна дар соли 2024 мерасад, ки беш аз 6% мебошад. Аммо саволе ба миён меояд, ки Тоҷикистон метавонад бо ин ҳама худро бо равғани растанӣ таъмин кунад?

Ба андешаи доктори илмҳои кишоварзӣ Қурбоналӣ Партоев, агар дар Тоҷикистон кишти зироатҳои равғандеҳ тибқи нақшаи мукаммал амалӣ шавад, вобастагии воридот ба маротиб камтар мешавад. Ба андешаи номбурда, бо муносибати дуруст ва риояи тамоми қоидаҳои агротехникӣ, дар Тоҷикистон аз зироатҳои равғандор ҳосили фаровон гирифтан имконпазир аст.

“Иқлими Тоҷикистон барои парвариши тамоми намуди растаниҳои равғандеҳ мусоид аст. Дар заминҳои лалмӣ имкони кишту парвариши кунҷит, зағир, офтобпараст вуҷуд дорад. Ҳам аз он равған мегирем ва ҳам барои хӯроки чорво мувофиқ аст. Танҳо банақшагирӣ лозим аст,  ки Вазорати кишоварзӣ якҷо бо хоҷагиҳои деҳқонӣ амалӣ созанд”,-мегӯяд Қурбоналӣ Партоев.

Дар замони шӯравӣ Тоҷикистон то 1 миллион пахта истеҳсол мекард ва истеҳсоли равғани пахта аз ҳисоби пунбадона мебаромад. Яъне, Тоҷикистон аҳолии худро бо равған таъмин мекард. Аммо имрӯз кишти пахта дар як сол тақрибан 400-500 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Бинобар ин, вобастагии воридоти равған бештар асту вақти он расидааст, ки кишти растаниҳои равғандеҳ бештар карда шавад.

Тоҷикистон ҳамасола барои хариди равғани растанӣ миллионҳо доллар масраф мекунад. Масалан, соли 2022 ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 172 млн доллар равғану чарбу ворид карда шудааст. Маҳсулоти асосӣ дар воридоти моли ин гурӯҳ маргарин, равғани офтобпараст, равғанҳои растании сафлор, пахта, лӯбиё, рапс ва дигар навъҳои равғани растанӣ мебошанд.

Меъёри истеъмол дар як сол 16,6 кг барои як кас муйян шудааст. Бо назардошти афзоиши аҳолӣ, талабот ба равған аз 160,8 ҳазор дар соли равон то 171 ҳазор тонна дар соли 2025 мерасад.

Мувофиқи стратегия Тоҷикистон давоми солҳои наздик ният дорад, ки истеҳсоли равғани растаниро ба миқдори 20% зиёд карда, воридоти онро 6,5% кам кунад. Соли 2023 дар ҷумҳурӣ ҳудуди 25 ҳазор тонна равғани растанӣ истеҳсол шудааст. Ҳудуди  98 ҳазор тоннаи ин маҳсулот аз хориҷи кишвар ворид шудааст. Мувофиқи дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, соли 2025 ин нишондиҳандаҳо бояд мутаносибан 30,3 ва 92 ҳазор тоннаро ташкил диҳанд.

Усмон РАҲИМЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *