Ба қадри сулҳ бирасед! Паёми қаҳрамонони ҷанг

9-уми май Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аст. Ин санаро чун дар кишварҳои дигари пасошӯравӣ дар Тоҷикистон низ пос медоранд, зеро аз 1 миллион аҳолии Тоҷикистон дар соли 1941 беш аз 300 ҳазор нафари онҳо ҷонро ба каф гирифта, барои дифои Ватан рафтанд.

Ҳамагӣ 24 нафар монданд…

Аз 300 ҳазор ҷанговари тоҷик 92 ҳазор нафар ҳалок ва бе ному нишон шуданд. Барои корнамоиҳо дар ҷанг ба 65 нафар зодагони Тоҷикистон унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шуда, 15 нафар бо ордени “Шараф” ва боз 55 ҳазор кас бо ордену медалҳои дигар мукофотонида шуданд.

… Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 24 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қайди ҳаёт ҳастанд: 10 нафар дар вилояти Хатлон, 6 нафар дар вилояти Суғд, 5 нафар дар ноҳияҳои тобеи марказ ва 3 нафар дар шаҳри Душанбе.

Дар арафаи таҷлили Рӯзи Ғалаба хабарнигори “Тоҷикистон” ба аёдати ҷанговарони шаҳри Душанбе рафт.

Мухтор Заргаров. Аз канали Фарғона то ҷабҳа

Мухтор Заргаров соли 1920 дар шаҳри Ҳисор таваллуд шуда, ҳоло дар деҳаи Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ умр ба сар мебарад. Ӯ феълан ягона иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар ноҳияи Рӯдакӣ аст. Номбурда мактаби миёнаро дар Ҳисор хатм карда, дар кандани канали Фарғона, роҳи Варзобу Помир иштирок кардааст.

Моҳи сентябри соли 1941 рафиқони Мухтор Заргаровро ба ҷанг мебаранд. Ӯ ҳам ихтиёрӣ ба ҷанг рафтанӣ мешавад.

— Ҷанги Финландия шуруъ шуда буд. Он вақт мо канали Фарғонаро бо даст мекандем. Рафиқонам ба ҷанг даъват шуданд. 9-уми сентябри соли 1941 вақте онҳо ба фаронт мерафтанд, ман ҳамроҳашон  ба комиссариати ҳарбӣ рафтам,- ба ёд меорад Мухтор Заргаров.

Вале ӯро ҳамроҳ бо дӯстонаш ба ҷанг намефиристанд. Балки ба курси омодагии ҷангӣ ҷалб мекунанд. Ӯ билохира соли 1942 ҳамчун сарбоз ба майдони ҷанг рафта, дар ҳайати бригадаи тонкӣ ба ҳайси нишонгир хизмат мекунад.

Бобои Мухтор дар муҳорибаҳои даҳшатбори Минск, Дубровка, Сосновка ва Березовка иштирок карда, қаҳрамониҳо нишон додааст. Ҳамчунин, ӯ чандин маротиба захм бардоштааст.

Мухтор Заргаров баъд аз анҷом ёфтани ҷанг боз як соли дигар дар барқарорсозии шаҳру деҳаҳои харобгардида иштирок карда, соли 1947 ба Ватан бармегардад.

— Чун хизмати ман як сол идома ёфт, хешовандонам умедашонро мекананд. Вақте ман омадам, онҳо хеле хурсанд шуданд. Панҷ рӯз дар хона истироҳат кардаму маро ба сохтмони НБО-и «Варзоб» даъват карданд. Ҳамин тавр, боз ба сохтмон рафтам,- мегӯяд бобоиМухтор.

Соли 1961 ҷанговар Мухтор Заргаровро ба комиссариати ҳарбӣ даъват мекунанд, то ки ба сарбозони нав истифодаи аслиҳаро омӯзонад…

Мухтор Заргаров дорандаи чандин ордену медалҳо, аз ҷумла медали Жуков, ордени «Шараф» (дараҷаи 1) ва ғайра аст. Бобои Мухтор тибқи асноди расмӣ 104-сола аст. Вале худаш мегӯяд, ки дар ҳуҷҷатҳояш иштибоҳ рафтаву ҳоло 109-сола мебошад…

Нағзибеков Бозор: Ба қадри сулҳ расед!

Нағзибеков Бозор Шодмонович соли 1926 таваллуд шуда, имсол 98-солагиашро ҷашн мегирад. Дар синни 15-солагӣ ба ҷанг рафтааст. Дар фронти якуми Украина ба муқобили истилогарон ҷангида, захмдор шуда, ба Ватан баргаштааст. Баъди ҷанг дар соҳаи хизматрасонӣ машғули кор шудааст. Ӯ аввалин директори чойхонаи «Роҳат» мебошад, ки соли 1958 дар Душанбе кушода шуд.

— Ҷанг ҳамеша харобӣ ва қашшоқӣ меорад. Аз ин рӯ, Худо кунад, ки шумо ҷавонон, он чиро ки мо аз сар гузаронидаем, набинед. Сулҳро бояд қадр кард,- таъкид мекунад ветерани ҶБВ Бозор Нағзибеков.

Ҳайдар Ҳалимов. Қадри сулҳ

Қаҳрамони дигари мо — Ҳайдар Ҳалимов имсол 103-сола мешавад. Ӯ моҳи декабри соли 1920 таваллуд шуда, моҳи октябри соли 1941, дар 21-солагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтааст. Дар муҳорибаҳо барои озод кардани Москва, Ленинград, Брест, шаҳрҳои назди Балтика иштирок кардааст. Вай дар фронти дуюми назди Балтика дар дивизияи машҳури Панфилов хизмат кардааст. Моҳи октябри соли 1945 ба Ватан баргаштааст.

Баъд аз ҷанг Ҳалимов солҳои зиёд дар шуъбаи роҳи оҳани шаҳри Душанбе ва колхоз кор кардааст. Ҳоло дар пойтахт дар иҳотаи аҳли оила зиндагӣ мекунад. Ӯ дар хотир надорад, ки чанд ордену медал гирифтааст, вале ҳаётро мукофоти асосӣ медонад, ки сарфи назар аз ҳама душвориҳои ҷанг, зинда баргаштааст.

— Нисфи медалҳои маро ҳамроҳи курткаам солҳои 90-ум, дар замони ҷанги шаҳрвандӣ дуздиданд,- мегӯяд Ҳайдар Ҳалимов.

Ҳайдар Ҳалимов имрӯзҳо набераву абераҳояшро дар канор гирифта, насиҳат мекунад, ки ба қадри ҳаёти осоишта бирасанд ва сулҳро қадр бикунанд…

Қадршиносӣ дар Рӯзи Ғалаба

Ба ифтихори Рӯзи Ғалаба ба ҳар як иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Тоҷикистон, ки ҳамагӣ 24 нафар боқӣ мондаанд, аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ тақрибан 50 ҳазор сомонӣ тақдим карда мешавад.

Аз ҷумла, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ба ҳар як иштирокчии ҶБВ 40 ҳазор сомонӣ ҷудо кардааст.  

Раиси шаҳри Душанбе ва раисони вилоятҳои Суғду Хатлон барои иштирокчиёни ҶБВ, ки дар минтақаашон зиндагӣ мекунанд, аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ ҷудо кардаанд.

Аз ҷумла, Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ба 3 иштирокчии ҶБВ, ки дар Душанбе боқӣ мондаанд, 30 ҳазор сомонӣ ҷудо кард, ки ба ҳар яке 10 ҳазор сомонӣ рост меояд.  

Сумани УБАЙДУЛЛО

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *