175 миллион доллар сармояи давлатӣ дар Душанбе

Ҳоло дар шаҳри Душанбе 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 175 миллион доллар амалӣ шуда истодааст.

Аз аввали татбиқ то инҷониб зиёда аз 78,5 миллион доллар ва дар давраи 6 моҳи соли ҷорӣ 17 миллион доллар аз худ шудааст.

Муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода гуфт, ки дар семоҳаи аввали соли 2023 дар шаҳри Душанбе ҳаҷми умумии воридоти сармояи хориҷӣ 154 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,9 маротиба зиёд мебошад.

Дар ин давра дар ҳудуди пойтахт 31 корхонаю ташкилот бо сармояи хориҷӣ фаъолият намуда, 16 корхона ба маблағи умумии 23,4 миллион доллар сармояи мустақим ва 15 корхона ба маблағи умумии 130,5 миллион доллар дигар сармоягузориҳоро ҷалб намудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *