“Пробка” дар Садбарг. То кай гӯш ба карию чашм ба кӯрӣ мезанем?

Аз Маркази савдои «Садбарг» мегузаштам. Манзарае, ки пеш ҳам медидам, ин бор ба назарам бадтарин буд. Ду хати назди истгоҳро таксиҳои зард банд кардаанд, ронандагонашон дар интизори клиент, саргарми телефонбозӣ. Пештар аз онҳо газелҳои Ваҳдат. Троллейбусу автобусҳо ноилоҷ дар хати сеюм қарор мегиранд ва одам савор мекунанд ва чун аз қафо пайваста сигнали «ҳаракат кун» ба гӯш мерасад, илоҷе надоранд зиёдтар истанд ва саросема ҳаракат мекунанд.

Кормандони милисаро ҳам дидам, ки бахши бозорро ба танзим медароранд ва қуттиҳои берун аз мағозаҳоро дохили мағоза мекунанд.  Вале ягон корманди БДА-ро надидам, ки ин манзараро барояш нишон диҳам, ҳарчанд агар мебуд, худ медид.

Суол ин нест, ки чаро ман ин манзараро дидам. Суол ин аст, ки мо ҳамарӯза инро мебинему борҳо навиштаем. Вале дар як гӯшаҳаки хеле хурду серомадурафти пойтахти кишвар моҳҳову солҳо нақлиётро ба низом намедароранд. Ҳол он ки, дар тарафи муқобил, самти фурудгоҳ аз ду ҷониб бадтар аз ин аст. Ба истилоҳ ҳамеша «пробка». Сабаб боз ҳамон таксиҳои қонуниву ғайриқонунӣ, ки ба самти бозорҳои “Саховат”-у “Корвон” одам ҷамъ мекунанд.

Билохира, оё ниҳоде дар шаҳрдории Душанбе пайдо мешавад, ки ҷилави ин мошинҳои худсарро бигирад? То кай нависанду гӯянд, вале масъулин гӯш ба карӣ зананду чашм ба кӯрӣ?

Бобоҷони ШАФЕЪ, сокини пойтахт

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *