1850 нафар тоҷикон ба Русия кӯч бастанд

Владислав Маркеевич, роҳбари раёсати муҳоҷирати вазорати корҳои дохилии Русия мегӯяд, шаҳрвандони Тоҷикистон дар соли гузашта ба барномаи «Переселение» бештар қабул шудаанд. Маркеевич гуфт, соли гузашта шумораи хоҳишмандони ширкат дар барномаи «Переселение» ба таври рекордӣ зиёд гашт.

Ба гуфтаи вай, соли ҷорӣ 1850 шаҳрванди Тоҷикистон ба барномаи «Переселение» ва ё муҳоҷират қабул шудаанд ва қасд доранд, бо аҳли хонавода ба он кишвар кӯч банданд.

Маркеевич афзуд, ба фарқ аз кишварҳои ҳамсоя, дархости шаҳрвандони Тоҷикистон барои дарёфти шаҳрвандӣ тасдиқ мешавад. Ба гуфтаи маъсулони раёсати муҳоҷирати вазорати корҳои дохилии Русия, ҳамаи шаҳрвандоне, ки шомили барномаи “Переселение” мешаванд, ё донишгоҳро хатм кардаанд ва мутахассис ҳастанд. Бештари хоҳишмандони тобеияти Русия, табибон, омӯзгорон ва муҳосибонро ташкил мекунанд.

Бино ба оморҳо, ба истиснои тақрибан 1 миллион русзабоне, ки баъди суқути шӯравӣ аз Тоҷикистон ба Русия кӯчиданд, дар 20 соли ахир аз 300 ҳазор то 500 ҳазор аз шаҳрвандони Тоҷикистон, соҳиби шаҳрвандии Русия шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *