Боришот то 4-уми январ идома меёбад

 Агентии обуҳавошиносии кишвар то 4 январи соли 2017 дар ҷумҳурӣ аз ҳавои номусоид ва бориши борону барф хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, дар ин рӯзҳо дар ҷумҳурӣ ҳаво номусоид шуда, дар баъзе минтақаҳо бориши борону барф шиддат мегирад. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, борон меборад. Дар баъзе ҳолатҳо борони пуршиддат низ дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво аз 7 то 9 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Бадахшон ҳаво абрнок шуда, борон ва барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят аз 3 то 8 дараҷа гарм шуда, дар шарқи он аз 5 то 10 дараҷа хунукӣ дар назар дошта шудааст.
Дар вилояти Xатлон ҳавои абрнок шуда, бориши борон пешгӯйӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо аз 10 то 15 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо аз 7 то 12 дараҷа гармӣ дар назар аст.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок ва боридани борон дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония ва дар ноҳияҳои алоҳида бо суръати аз 15 то 20 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо аз 5 то 10 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ҷойҳо борони пуршиддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо аз 10 то 15 дараҷа гарм мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *