Андешаи чеҳраҳои намоён дар бораи омӯзгори аввалинашон

Дар тақвими иду ҷашнҳои Тоҷикистон иди муаллим мавҷуд нест, вале чун анъанаи Шӯравӣ ҳамасола дар Тоҷикистон якшанбеи аввали моҳи октябр ба таври худҷӯш Рӯзи омӯзгор таҷлил мегардад. 5-уми октябр бошад, Рӯзи байналмиллалии омӯзгорон аст. Дар сарнавишти ҳар инсон омӯзгор нақши машъалафрӯз ва роҳнаморо иҷро мекунад. Ҳамсуҳбатони “Тоҷикистон” бо ёд овардани муаллими аввалинашон ин гуфтаро тасдиқ карданд.

Зумрат ҒАЙБУЛЛОЕВА,

дорандаи медали тилои Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ:

— Ман мактаби миёнаи №53-и шаҳри Душанберо бо баҳои аъло хатм намудаам. Муаллимаи аввалинам М. М. Боқиева буданд. Ҳангоми таҳсил хеле хуб мехондам, вале бо овози хеле паст ҷавоб медодам. Муаллима барои бурро гап задан ва пурра баён намудани фикр, хондани китобҳои бадеӣ ва баён намудани матни онҳоро бо забони зебои адабии тоҷикӣ пайваста талаб мекарданд. Имрӯз ин талаби муаллимаам дар ҳаёти рӯзмарраам лозим аст. Аз муаллимаи азизам ҳамеша миннатдорам. Ҳоло дар қайди ҳаёт нестанд, вале ёду номашон гиромӣ аст.

Рустам ҒАНИЕВ,

директори иҷроияи филиали ДДМ ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе:

— Аввалин муаллим. Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз нақш ва мавқеи ӯро дар зиндагии инсон иваз карда наметавонад. Ҳар яки мо хотироти худро дорем, ки бо номи аввалин муаллим дар ҳаёт алоқаманд аст.

Муаллими аввалин Зинаида Григоревна дар ёди ман ҳамчун яке аз дурахшонтаринҳо, инсони бомаърифат ва хушгуфтор то абад боқӣ мемонад. Ӯ муҳаббат дошт, нисбат ба ҳамаи хонандагон. Ёд дорам, аввали соли хониш, модарам дар беморхона бистарӣ шуданд. Ман, кӯдаки ҳафтсолаи парешонгашта, муддате аз меҳру ҳимоя ва оғӯши модар бенасиб мондам. Зинаида Григоревна инро медонист ва ҳиссиёти маро ба хубӣ дарк карда, кӯшиш менамуд, ки ин холигоҳро пур кунад. Меҳрубонӣ, вафодорӣ, меҳру муҳаббат ба модар ва садоқат ба Ватан — ҳамаи инро аз муаллим омӯхтаам. Умедворам, ки имрӯз Зинаида Григоревна сиҳату саломат ҳастанд.

Муқимҷон АБДУФАТТОЕВ,

роҳбари Театр-студияи «Хандинкамон»:

— Муаллими аввалинам Муътабархон Бобоева инсони нексиришту меҳрубон маро аз остонаи мактаби миёна пешвоз гирифтаанд. Ҳатто ҳар бор моро то даромадгоҳи дарвозаи мактаб гусел менамуданду аз роҳи мошингард мегузарониданд. Маҳз ба гуфти муаллимаам ба маҳфили драммавии назди мактаби рақами 2-и ба номи А. Лоҳутии шаҳри Исфара рафтаам, ки дар оянда сабаби ҳунарманд шуданам гардид. Бигузор дар хонадони ҳамаи омӯзгорон баракат ва дастархони хурсандӣ густурда бошад. Бигузор танашон сиҳат ва лабонашон аз ханда лабрез бошад.

Мирганд ШАҲБОЗОВ,

доктори илмҳои математика, профессор, академик:

-Устоди ман Ғоибназар Мирзоҳилолов яке аз беҳтарин муаллимони фанни риёзӣ дар вилояти Бадахшон буданд. Эшон меҳри ин фанро ба қалби мо ҷой карданд. Бародари калониам ҳам риёзидон буданд ва дар солҳои 60-ум аз водии мо аввалин номзади илми математика шуданд. Ин ду нафар сабаб шуданд, ки банда низ ба риёзиёт дил бастам. Аз устодонам заҳматкаширо дар роҳи илм омӯхтам. Математика соҳаи душвор аст. Агар 3 рӯз ё як ҳафта аз омӯзишу пажуҳиш дур шавед, он вақт байни шумо ва риёзӣ чоҳи калоне пайдо мешавад. Аз дохили ин чоҳ боз баромадан хеле мушкил аст. Аз ин лиҳоз, ба шогирдонам талқин мекунам, ки шабонарӯзӣ дар фикри илм бошанд, он гоҳ комёб шуда метавонанд.

Қобилҷон ХУШВАХТЗОДА,

ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон:

— Аз қадим бузургони илму адаб ба устод — омӯзгор эҳтироми хоса доштанд. Зеро хидмати омӯзгор дар рушди ҷомеа беназир аст. Маҳз ӯ дари илму донишро ба рӯи кас боз карда, дунёи тафаккури шахсро бо тозагулҳои муаттари маърифат зиннат медиҳад.  Муаллими аввалини банда падарам Хушвахт Барфиев мебошанд. Аз он кас, пеш аз ҳама дарси одамгарӣ ва ватандӯстӣ омӯхтаам.

Қобили қайд аст, ки дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар ба фаъолияти омӯзгорон таваҷҷуҳи махсус дода шуда, дар ин самт тадбирҳои муҳим рӯйи кор омаданд. Тавре Пешвои муаззами миллат таъкид менамоянд: «Муаллим бояд шаҳрвандони сатҳи маърифаташон баланд, дорои тафаккури эҷодӣ, ҳамаҷониба рушдёфта ва соҳиби дониши амиқ, дорои маҳорату малакаи касбӣ тайёр намояд». Бо ниятҳои нек кулли омӯзгорон ва ҳампешагонро ба муносибати иди касбиашон табрик намуда, барояшон тани сиҳат, барори кор ва дар корҳои илмиашон муваффақиятҳо хоҳонам.

Таҳияи У. РАҲИМЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *