Зан тағояшро бӯғӣ карда кушт ва ба муҳлати 9 сол зиндонӣ шуд (аудио)

Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз баррасии парвандаи ҷинояти одамкушие дар Суди шаҳри Турсунзода хабар дод, ки гунаҳгори он ба муҳлати 9 сол ҳабс шудааст.

Бино ба иттилои манбаъ, парвандаи ҷиноятӣ нисбати Сайфутдинова Дилбар Шавкатовна бо моддаҳои 104 қисми 1 (одамкушӣ) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тафтиши онро Прокуратураи шаҳри Турсунзода гузаронида буд, дар Суди шаҳри Турсунзода баррасӣ карда шудааст.

Дар рафти тафтишоти пешакӣ ва баррасии судӣ муайян карда шудааст, ки Сайфутдинова Д. Ш. дар ҳолати сархушӣ шаби 11-уми июни соли 2022, тахминан соати 1 ба хонаи тағояш Сайфутдинов Ҷаҳонгир Саитмуратович, сокини шаҳри Турсунзода, кӯчаи А. Дониш, ки танҳо зиндагӣ мекард ва бо охирин дар муноқиша буд, бо мақсади ба қатл расонидан ва соҳиб шудан ба манзили Сайфутдинов Ҷ. С. меравад. Сайфутдинова Д. Ш. аз фурсати муносиби дар ҳолати сахти мастӣ қарор доштани Сайфутдинов Ҷ. С. ва имконияти муқобилият нишон дода натавонистанаш истифода бурда, бо дасти росташ як зарбаи сахт ба рӯйи Сайфутдинов Ҷ. С. задааст, ки номбурда ҳангоми ғалтидан сараш ба дари ҳоҷатхона бархӯрда, беҳуш шуда, бо пушт ба рӯи фарш афтодааст. Сайфутдинова Д. Ш. барои анҷом додани қасди худ пойи росташро ба гулӯи охирон гузошта, бӯғӣ карда, ба қатл расонидааст.

Сипас, бо мақсади пинҳон намудани ҷинояти содиркардааш ҷасади Сайфутдинов Ҷ.С.-ро тахминан соатҳои 9-и ҳамон рӯз ба қолини дар ҳуҷра буда печонида, онро ба автомашинаи кирокардааш тамғаи “Дэу-Матиз”, рақами қайди давлатиаш 92-43 ЕС 02, ки ба ронанда Шарипов Қаҳор Абдураҳманович тааллуқ дорад, бор карда, ба маҳаллаи 4, бинои 20, хонаи 39-и шаҳри Турснузода, ки дар он манзил бо модараш Сайфутдинова Дилрабо Сайтмуротовна ҳамчун иҷоранишин зидагонӣ мекард, интиқол дода, бардурӯғу баҳона пеш овардааст, ки гӯё Сайфутдинов Ҷ. С. бинобар сӯйистеъмоли микдори зиёди нӯшокии спиртӣ ба ҳалокат расидааст.

Бо ҳукми Суди шаҳри Турсунзода аз 7-уми сентябри соли 2022 шаҳрванд Сайфутдинова Д. Ш. дар содир намудани ҷинояти дар моддаи 104 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ин модда ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 9 сол бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш умумӣ таъин карда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *