19 корманди Вазорати адлия аз вазифа барканор шуданд

19 хизматчии давлатӣ давоми 6 моҳи соли ҷорӣ аз мансаби ишғолкардаашон дар Вазорати адлияи Тоҷикистон озод карда шуданд. Дар ин бора имрӯз, 13 июл зимни нишасти матбуотӣ вазири адлия Музаффар Ашӯриён ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Музаффар Ашӯриён зикр кард, ки дар пешрафти кор нақши кадрҳои баландихтисос намоён буда, вазорат ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ 4 хизматчии давлатӣ барои баланд бардоштани савия ва малакаи дониш ба курсҳои кўтоҳмудат, аз ҷумла 3 нафар ба Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 нафар берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ равон карда шуданд.
Дар нишасти мазкур зикр гардид, ки дар самти баландбардории тайёрии касбии довталабон ва ҷобаҷогузории дурусти мутахассисон дар нимсолаи якуми соли 2020 15 корманд ба мансабҳои хизмати давлатӣ ва ғайри хизмати давлатӣ ба кор қабул гардиданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *