Даргузашти собиқ раиси шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшон

Назарбегим Муборакшоева  собиқ раиси шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшони ВМКБ дар синни 68-солагӣ набаҳангом аз олам даргузашт.

Ӯ ходими сиёсӣ ва чамъиятӣ, собиқ муовини раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси вилоят, собиқ раиси ноҳияи Рӯшон ва шаҳри Хоруғ, собиқ раиси шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшони ВМКБ буд

Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов дар саҳифаи ҳукумати вилоят дар шабакаи Facebook ба пайвадону наздикони марҳум изҳори тассалият кард.

Дар бораи сабаби марг маълумот дода нашудааст.

Назарбегим Муборакшоева дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ ба дунё омада, соли 1974 Донишкадаи хоҷагии қишлоқро бо ихтисоси агроном ва соли 1991 Мактаби олии ҳизбии Тошкандро бо ихтисоси сиёсатшинос хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиро соли 1974 оғоз кардааст. Пас аз хатми донишкада ба ҳайси агрноми колхози Шотемурови ноҳияи Шуғнон, сипас дар мақоти комсомоливу ҳизбӣ, раис, мудири шуъбаи кумитаи иҷроияи Шӯрои вакилони халқи ноҳияи Рӯшон кор кардааст.

Соли 1997 раиси ноҳияи Рӯшон таъин шуд.

Солҳои 2000-2005 — вакили Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати 2-юм.

Моҳи марти соли 2007 раиси шаҳри Хоруғ таъин шуда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *