Ҷумъа Давлатов

196 хизматчии давлатӣ мансаби номувофиқ гирифтаанд

Дар Тоҷикистон 196 нафар хизматчии давлатӣ тибқи хулосаҳои комиссияи аттестатсионӣ ба мансаби ишғолнамудаашон номувофиқ дониста шудаанд.

Дар ин бора директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Давлатов зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Инчунин, аз 2592 нафар хизматчиёни давлатии ба аттестатсия фарогирифта 2396 нафар ба мансаби ишғолнамуда мувофиқ баҳогузорӣ карда шудаанд.

Дар нишаст тазаккур дода шуд, ки аз натиҷаи мониторинги ҳолати ҷойивазкунӣ дар соли 2022 (аввали соли 2023 ҷамъбаст гардид) муайян карда шуд, ки соли 2022-юм 34 нафар кадрҳои роҳбарикунандаи мақомоти марказӣ ба ротатсия фаро гирифта шудаанд.

Аз маълумоти пешниҳоднамудаи мақомоти давлатӣ муайян карда шудааст, ки ба ҳолати якуми январи соли 2023 дар мақомоти давлатӣ, ба истиснои ишғолкунандагони мансабҳои сиёсӣ 169 нафар хизматчиёни давлатии ба ротатсия фарогирифташаванда фаъолият доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *