Гулнора Ҳасанзода

Муҳоҷират ба Британия ва Корея

Давоми соли 2022-юм 383 шаҳрванди Тоҷикистон ба Британияи Кабир ва 58 нафар ба Корея барои кор фиристода шудаанд. Дар ин бораи Гулнора Ҳасанзода — вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ӯ дар идома гуфт, муҳоҷироне, ки як маротиба ба ин кишвар рафта омаданд, то 6 моҳ ҳуқуқ надоранд дубора ба кор раванд. “Муҳоҷироне, ки рафта омаданд, аз маош ва шароити корӣ хеле қаноатманданд”,- иброз дошт вазири меҳнат ва муҳоҷират.

Ҳамчунин, вазир аз афзоиши эълонҳои қалбакӣ шаҳрвандонро огоҳ кард: “Сафорати Британияи Кабир дар Душанбе раводид умуман намедиҳад. Хоҳишмандон нахуст бояд ба Марказҳои машварат ва омодакунии муҳоҷирони кории Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон муроҷиат кунанд”.

Ҳамчунин, дар нишаст иттилоъ дода шуд, ки 58 нафар мутахассиси соҳаи кишоварзӣ моҳи августи соли 2022 ба Корея фиристода шудаанд.

Бояд гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар Британия ва Корея асосан ба корҳои мавсимӣ дар саҳроҳо ва гармхонаҳо машғул шуда, ҳосили буттамевагиҳо (клубника ва ғайра) ва дигар сабзавоту меваҳоро ҷамъоварӣ мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *