2,3 миллиард доллар қарзи берунии Тоҷикистон

Қарзи берунии Тоҷикистон дар соли 2016 –ум ба 2,3 миллиард доллар баробар шудааст. Қарзи дохилии давлатӣ бошад,  дар ин давра ба 6,6 миллиард сомонӣ рост меояд.

Дар ин бора имрӯз, 27 январ зимни нишасти матбуотӣ аз забони Ҷамшед Каримзода, муовини вазири молияи Тоҷикистон садо дод.

Инчунин, ба гуфтаи номбурда дар соли сипаришуда  нақшаи буҷаи ҷумҳурӣ иҷро нагардид ва ба миқдори 92,5 ва ё ба маблағи 7,3 миллиард сомонӣ таъмин шуд. Ин аз нақшаи пешбинишуда 586,1 миллион сомонӣ кам мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *