Суғд: Майдони партовгоҳи радиатсионии Деҳмойро хокпӯш мекунанд

 Раёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд тасмим дорад бо ҷудо кардани беш аз 1 миллион сомонӣ маблағ 20 гектар майдони партовгоҳи радиатсионӣ дар мавзеи Деҳмойро бо хок рӯйпӯш кунад. Темур Нӯмонзода, сардори ин раёсат зимни баргузории  нишасти хабарӣ гуфт, ки ин миқдор маблағ соли ҷорӣ ҷудо мегардад ва корҳои хокпӯшкунӣ низ оғоз мешавад.

  Тӯли чанд соли охир корҳои рӯйпӯшкунӣ дар ин партовгоҳи радиатсионӣ ҷараён дорад. Партовгоҳи мавзеъи Деҳмой яке аз калонтарин партовгоҳи радиатсионии шимолии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Аз рӯи гуфти масъулин дар ин партовгоҳ ҳудуди 36 миллион тонна маводи дорои радиоактив дар масоҳати беш аз 80 гектар мавҷуд аст.

                                                                                                                                                            Фарзона Муродӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *