2 автоголи Шохрух Раҷаматов ба дарвозаи «Хуҷанд»

1 октябри соли равон бозиҳои нимфиналӣ барои дарёфти Ҷоми Тоҷикистон байни дастаҳои «Истиқлол» (Душанбе) — «Равшан» (Кӯлоб) ва «Ҳосилот» (Фархор) — «Хуҷанд» (Хуҷанд) баргузор шуданд.
«Истиқлол», ки дар бозии даври 14-уми чемпионати ҷумҳурӣ ғайричашмдошт аз «Равшан» бо ҳисоби 2:1 мағлуб гашта буд, қасди бохташро дар ин вохӯрӣ гирифт.
Ба душанбегиҳо ним соат даркор шуд, ки тӯби аввалини бозиро ба дарвозаи меҳмонон ворид созанд. Пас а он ки Фатҳулло Фатҳуллоев зрбаи кунҷиро иҷро кард, легионери душанбегиҳо Дэвид Мавутор тӯбро бо сараш дохили дарвоза кард.
Ба ёд меорем, ки бозиҳои пасипардагии роҳбарияти «Истиқлол», ки онро дастаи «Равшан»-и Кӯлоб дар ду мавсим пайиҳам аз унвонҳои баланди чемпионӣ ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон маҳрум кард, идома доданд. Онҳо Дэвид Мавуторро, ки чемпионати соли 2013-ро дар ҳайати ҳамчун нишонзани беҳтарин гузаронида, унвони чемпиони Тоҷикистонро соҳиб шуда буд, ба тарафи худ кашида, нахустин саддро ба пешравии «Равшан» эҷод намуданд.
Дар дақикаи 42-юм меҳмонон Фатҳуллоевро дар назди дарвозаи худ афтонда, бу зарбаи ҷаримавӣ муҷозрот шуданд. Нишонзани беҳтарини душанбегиҳо Манучеҳр Ҷалилов ин зарбаро ба ҳадаф расонд. Вай баъди се дақиқа партофти ҳамдастааш Фаридун Шариповро бо зарбаи сахт ба дарвоза ворид намуда, ҳисобро ба 3:0 расонд. Кӯшишу талоши футболбозони Кӯлоб барои голзанӣ минбаъд низ натиҷа надод. Баръакс, онҳо бори дигар қоидаи бозиро вайрон карда, сабабгори голи 4-ум шуданд.
Дар бозии дигари нимфиналӣ «Ҳосилот» тими «Хуҷанд»-ро бо ҳисоби 4:2 шикаст дод. Дар ин вохӯрӣ муҳофизатгари хуҷандиҳо Шохрух Раҷаматов дар қисми аввал ду бор тӯбро ба дарвозаи худашон равона карда, дар пирӯзии соҳибони майдон саҳми арзанда гузошт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *