Танӯрҳои Убайдуллоев мушкилоти аҳолиро дучанд мекунанд?

Лаззати нотакрори нони тоҷикӣ
Агар хато накунам, бори сеюм аст, ки бо ибтикори шаҳрдории Душанбе дар пойтахти ҷумҳурӣ чакдонҳои (танӯрҳои) пеши хонаҳои бисёрошёна вайрон карда мешаванд. Сабаби асосиаш шикояти баъзе сокинон буд, ки як умр дар пойтахт зиста, аз танӯр истифода накардаанд. Онҳо фақат зарари дуди танӯрро ба муҳит далел овардаанд. Даъвои онҳо то андозае ҷой дорад. Солҳои шӯравӣ дар микрорайонҳои шаҳри Душанбе танӯрро фақат дар нонвойхонаҳо дида метавонистед. Аммо лаззати нони нонвойхонаҳо ҳеҷ гоҳ лаззати нону кулчаҳои дар чакдонҳои деҳот пухтаро надорад. Як сабаби асосии ба танӯр рӯ овардани аҳолии бисёрҳазорнафараи деҳотии сокини пойтахтшуда ҳамин лаззати нотакрор аст. Сабаби дигар вобаста ба вазъи буҷети оилавии мардум буд, ки нисфи маблағи он барои харидани нони ҳаррӯза харҷ мешуд.
То шаҳрӣ мешавем, ки…
Бояд тазаккур дод, ки садҳо ҳазор мардуми деҳот аз зиндагии хуш дар Душанбе ҷой нагирифтаанд. Воқеаҳои солҳои 90-ум онҳоро барои зинда мондан ба пойтахти ҷумҳурӣ оварда буд. Онҳо маскуни шаҳр шуда, барои ҳаёт аз ҳар роҳу восита истифода мекарданд, аз ҷумла барои нонпазӣ, ки хӯроки асосии миллиамон ба шумор меравад, маҷбур дар ҳавлиҳои умумии хонаҳои баландошёнаи пойтахт чакдону танӯр ва дегдонҳо месохтанд. Дар ин ҷо онҳо бо зиёдаравиҳо роҳ дода, дар як ҳавлӣ чанд танӯр месохтанд. Муҳайё кардани ҳезум, ки дар пойтахт хеле мушкил буду нархи гарон дошт, онҳо аз коғазпораю картонҳо ва зарфҳои холии пластикӣ ва резинпораҳо бештар истифода мекарданд. Дар натиҷа ба муҳити атроф дуди ғализу бадбӯй паҳн гашта, ба даруни хонаҳои истиқоматӣ низ медаромад, ки боиси авҷгирии бемориҳои роҳи нафас ва дилу фишорбаландӣ мегашт.
Танӯр хоси шаҳриҳо нест?
Шаҳрдорӣ аз соли 2012 сар карда, борҳо ба зерсохторҳояш супориш дода буд, ки чакдону танӯрҳои худсаронасохтаи сокинони пойтахтро тахриб созанд. Шаҳрдорӣ далел ба миён меовард, ки чунин худсариҳо ҳусни пойтахтро коста намуда, ба муқаррароти бехатарӣ ҷавобгӯй нестанд, муҳити атрофро ифлосу барои шаҳрвандон мушкилиҳо эҷод мекунанд.
Муовини аввали раиси шаҳри Душанбе Ашӯрбег Расулов ба пурсиши хабарнигори рӯзнома санад овард, ки ҳанӯз дар «Қоидаҳои тартиби ҷамъиятӣ, ободонӣ ва беҳдошти санитарӣ дар шаҳри Душанбе», ки бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳр соли 2008 қабул шуда буд, сохтани танӯру дегдонҳо дар ҷойҳои муқаррарнашуда қатъиян манъ аст. Ба санҷишҳо оташнишонону экологҳо ҷалб шуда бошанд ҳам, натиҷаи дилхоҳ намедод. Назар ба гуфти сокинони микрорайонҳо танӯрҳо дар баъзе ҷойҳо бардошта мешуданду пас аз чанде боз сохта мешуданд. Акнун танӯрҳоро тавре месохтанд, ки зуд ба чашм намерасиду дар вақти зарурат истифода мешуд.
Дафъаи сеюм бо талаботи қатъии раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии 4 ноҳияи пойтахт моҳҳои июлу август ба тахрибу танӯру дегдонҳо ва панҷараю симхорҳои атрофи ҳаёту боғчаҳои хонаҳои бисёрошёна сахт камар бастанд. Дар пайи ин ҳазорон бех ниҳолу дарахт ва гулу гулбуттаҳо, ки соҳибмулкон худсарона парвариш кардаанд, шикастаю хароб шуданд. Имрӯз осори ин амалиёти хунсардонаро бахусус дар ноҳияи Сино бараъло мушоҳида мекунем.
-Дар асоси қарори раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллаев ба ҷойи танӯрҳои куҳнаи тахрибшуда дар маҳаллаҳо танӯрҳои навсохти замонавӣ сохта хоҳад шуд. — гуфт зимни ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳаи якуми шаҳрдорӣ дар нишасти матбуотӣ муовини аввали раиси шаҳри Душанбе Ашӯрбег Расулов. – Шаҳрдорӣ ба ин мақсад чанд лоиҳаи танӯрҳои замонавиро омода кардааст, ки беҳтарини онҳо аз тариқи озмун интихоб шуда, дар назди хонаҳои бисёрошёна шинонда мешаванд. Раёсати меъмории шаҳр ва раисони ноҳияҳои муваззаф карда шудаанд, ки лоиҳаҳои танӯрҳоро омода кунанд. Алҳол масъалаи аз кадом намуди сӯзишворӣ истифода бурдан мавриди омӯзиш қарор дорад, — афзуд А. Расулов.
Танӯрҳои нав чӣ гуна бошанд?
То мардуми аз деҳот маскуни Душанбешуда қонун қоидаҳои шаҳрнишиниро омӯхта, татбиқашонро ёд мегиранд, ки асабҳои шаҳриёни муқимӣ ва роҳброни ноҳияҳо хеле хароб мешавад. Матбуоти даврӣ аллакай ба ин ташаббуси шаҳрдорӣ «Танӯрҳои Убайдуллоев» ном гузоштаанд. Чигунагии ин танӯрҳо дар байни шаҳрвандон, аз ҷумла дар сомонаҳои иҷтимоӣ васеъ муҳокима шуда истодаанд. Дар «Фейсбук» агар як гурӯҳи шаҳрвандон ин ташаббусро хуш қабул карда бошанд, гурӯҳи дигар зидди он сухан мегӯянд. Гӯё танӯрҳои нави Убайдуллоев «мавриди истифодаи умум» қарор гирифта, дар он аз «сӯзишвории ҳозиразамон» истифода мекарда бошанд. Баъзеҳо тахмин мекунанд, ки ин танӯрҳо автоматӣ идора шуда, он аз рӯйи вақти муқарраршуда (бо таймер) ва ҳатто танзимкунандаи ҳарорат сохта мешаванд.
— Аз ин ташаббус ягон чизи хубро мунтазир шудан нашояд, — иброз доранд мухолифони ташаббус. – Як танӯр барои чанд хона чӣ тавр хизмат мерасонад? Ин боиси ҷанҷолҳо мешавад, ки навбати кӣ якум асту кӣ аввалин шуда нон мепазад. Агар танӯр вайрон шавад, кӣ таъмир мекунад? Хуллас, ҷанҷолу хархаша нисбат ба пештара зиёд мешаваду кам не,
Иқтисодчӣ Фируз Саидов таъкид менамояд, ки масъалаи танӯрсозӣ моҳияти иҷтимоӣ-иқтисодӣ дорад.
— Маълум ки пухтани нон дар танӯрҳо назар ба нонҳои бозорӣ хеле арзонтар аст. Охир нон ягона ғизои дастрастарин барои оилаҳои серфарзанд мебошад ва барои он қисмати бештари буҷети оила сарф мешавад, — мегӯяд ин мутахассис. – Татбиқи технологияҳои нави нонпазӣ дар бисёр минтақаҳои кишвар ба роҳ монда шудааст, ки аз лиҳози иқтисодӣ ва сарфаи гармӣ хеле манфиатовар аст. Ман пурра ҷонибдори қарори шаҳрдорӣ ҳастам. Вале бисёр мехоҳам ҳангоми бунёди танӯрҳо анъанаҳои миллӣ ва меъёрҳои истифодабарии онҳо риоя карда шаванд.
Аммо мутахассисони экологияву тиб ақида доранд, ки танӯр дар ҳар сурате, ки бошад, ҳам ба муҳиту ҳам ба саломатии аҳолӣ зарар мерасонад. Ҳатто ангишт аз ин истисно нест. Ба андешаи онҳо танҳо ду намуди сӯзишворие, ки бояд дар танӯр истифода шавад ва ба муҳиту саломатӣ безарар аст, ин нерӯи барқ ва газ мебошад, ки мутаассифона, қимат меафтанд.
Умуман, танӯрҳои ҳозиразамони Убайдуллоев ё наночакдонҳо ба талаботи мардум ва меъёрҳои санитарӣ ҷавоб медиҳанд ё дигар мушкилотро ба миён меоранд, вақт нишон медиҳад.
Эмоми НАЗАРИЁН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *